https://sputnik.tj/20221114/pinhon-muhojironi-ghayriqonuni-rusiya-1052813478.html
Пинҳон шудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия мушкил хоҳад шуд
Пинҳон шудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия мушкил хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Тарҳи тағйирот ба қонунгузории Русия таҳия шудааст, ки татбиқи технологияҳои ҷадиди иттилоотиро алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар пешбинӣ мекунад 14.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-14T14:20+0500
2022-11-14T14:20+0500
2022-11-14T14:20+0500
дар русия
муҳоҷират
пешниҳод
пул
хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0e/1052809267_0:57:3072:1785_1920x0_80_0_0_42f9fdda97014cae745f5d4de3271f9e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварро пешниҳод кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, тарҳи мазкур дар доираи ислоҳоти соҳаи муҳоҷирати Русия таҳия шудааст. Дар доираи ислоҳот аз ҷумла таъкид гардидааст, ки фановариҳои ҷадид барои ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия кор бурда шаванд. Ёдовар мешавем, ки қаблан тарҳи дигари қонун "Дар бораи шароити вуруд (хуруҷ) ва будубоши (иқомати) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия" ба ҳукумат пешниҳод шуда буд. Он инчунин усулҳои назорати шаҳрвандони хориҷӣ ва тағйироти системавӣ дар механизмҳо ва режимҳои муҳоҷиратро дар бар мегирад. Дар назар аст, ки феҳрасти корфармоёни бевиҷдон, инчунин рӯйхати даъваткунандаю қабулкунандаҳои шаҳрвандони хориҷӣ роҳандозӣ гардад. Илова бар ин, бояд низоми назорати будубоши хориҷиёне роҳандозӣ мешавад, ки ҳузури онҳо номатлуб аст, вале бо ягон сабаб то ҳол аз Русия берун баромада наметавонанд.Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон низ садҳо ҳазор нафар ба муҳоҷироати меҳнатӣ ба Русия мераванд ва маблағи интиқолдидаи онҳо сарчашмаи аслии таъмини хонаводаҳо дар Ватан ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20221113/shahrvandi-rusiya-mahrum-peshnihod-putin-1052802017.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0e/1052809267_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_11fa4dd55e1359b2133409afca07cf06.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, муҳоҷират, пешниҳод, пул, хориҷӣ
дар русия, муҳоҷират, пешниҳод, пул, хориҷӣ
Пинҳон шудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия мушкил хоҳад шуд
Тарҳи тағйирот ба қонунгузории Русия таҳия шудааст, ки татбиқи технологияҳои ҷадиди иттилоотиро алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар пешбинӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварро пешниҳод кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД, тарҳи мазкур дар доираи ислоҳоти соҳаи муҳоҷирати Русия таҳия шудааст.
Дар доираи ислоҳот аз ҷумла таъкид гардидааст, ки фановариҳои ҷадид барои ошкор намудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия кор бурда шаванд.
"Дар назар аст, ки аз имконоти системаҳои муосири иттилоотӣ ва воситаҳои махсуси ҷустуҷӯ васеъ истифода бурда шавад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ёдовар мешавем, ки қаблан тарҳи дигари қонун "Дар бораи шароити вуруд (хуруҷ) ва будубоши (иқомати) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия" ба ҳукумат пешниҳод шуда буд.
Он инчунин усулҳои назорати шаҳрвандони хориҷӣ ва тағйироти системавӣ дар механизмҳо ва режимҳои муҳоҷиратро дар бар мегирад.
Дар назар аст, ки феҳрасти корфармоёни бевиҷдон, инчунин рӯйхати даъваткунандаю қабулкунандаҳои шаҳрвандони хориҷӣ роҳандозӣ гардад.
Илова бар ин, бояд низоми назорати будубоши хориҷиёне роҳандозӣ мешавад, ки ҳузури онҳо номатлуб аст, вале бо ягон сабаб то ҳол аз Русия берун баромада наметавонанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон низ садҳо ҳазор нафар ба муҳоҷироати меҳнатӣ ба Русия мераванд ва маблағи интиқолдидаи онҳо сарчашмаи аслии таъмини хонаводаҳо дар Ватан ба шумор меравад.