https://sputnik.tj/20221114/jinpin-bayden-suboti-jahoni-1052816148.html
Ҷинпин ба Байден роҳ сӯи суботи ҷаҳониро нишон дод
Ҷинпин ба Байден роҳ сӯи суботи ҷаҳониро нишон дод
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Чин дар мулоқот бо роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Бали интизориҳои ҷаҳониёнро аз ин ду кишвар ва назарашро ба ояндаи дунё баён дошт
2022-11-14T15:40+0500
2022-11-14T15:40+0500
2022-11-14T15:41+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
ҷо байден
си ҷинпин
мулоқот
индонезия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051582348_0:186:2980:1862_1920x0_80_0_0_e38a98424d4165d2abdd94b3a8bc72bc.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин дар мулоқоташ ба президенти ИМА, Ҷо Байден аз зарурати ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо гуфт, хабар дод РИА "Новости". Ба иттилои мнабаъ, Ҷинпин ва Байден зимни ин мулоқот, ки дар ҳошияи ҳамоиши сарони бистгонаи бузург - G20 дар Бали баргузор шуд, муносиботи ду кишвар ва вазъи ҷаҳониро баррасӣ намуданд. Ҷинпин бо таъкиди зарурати ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо афзудааст, ки танҳо дар ин сурат метавон ба умеду эътимод ба суботи ҷаҳониро таҳким бахшид. Ба гуфтаи роҳбари Чин айни ҳол башарият дар чорроҳаи мушкилоти зиёде қарор дорад. Ба таъкиди ӯ, ҷаҳон интизор аст, ки Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои худро дуруст идора мекунанд. "Маҳз ба ҳамин далел мулоқоти мо мавриди таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст", - изҳор дошт Ҷинпин дар хитоб ба Байден. Вай изҳор доштааст, ки ҳамкорӣ на танҳо миёни ду давлат, балки байни ҳама сурат гирад. Эътимод ба субот дар тамоми ҷаҳону умед, эътидоли глобалӣ, ки дар заминаи ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳосил мешавад, такони ҷиддӣ барои рушди муштарак хоҳад шуд, изҳор дошт Ҷинпин. Мулоқоти 17-уми Бистгонаи бузург рӯзҳои 15 - 16 ноябр дар Индонезия баргузор мегардад, ки ҳайати Русияро дар он вазири умури хориҷӣ, Сергей Лавров роҳбарӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20221114/makron-muzokirot-maskav-kiev-1052812846.html
индонезия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051582348_126:0:2855:2047_1920x0_80_0_0_4c6c31aedf5526e3cb7589327fd3d484.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, ҷинпин, байден, ҳамкорӣ, ҳама
даъват, ҷинпин, байден, ҳамкорӣ, ҳама
Ҷинпин ба Байден роҳ сӯи суботи ҷаҳониро нишон дод
15:40 14.11.2022 (Навсозишуда: 15:41 14.11.2022) Роҳбари Чин дар мулоқот бо роҳбари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Бали интизориҳои ҷаҳониёнро аз ин ду кишвар ва назарашро ба ояндаи дунё баён дошт
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Чин, Сӣ Ҷинпин дар мулоқоташ ба президенти ИМА, Ҷо Байден аз зарурати ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо гуфт, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои мнабаъ, Ҷинпин ва Байден зимни ин мулоқот, ки дар ҳошияи ҳамоиши сарони бистгонаи бузург - G20 дар Бали баргузор шуд, муносиботи ду кишвар ва вазъи ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
Ҷинпин бо таъкиди зарурати ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳо афзудааст, ки танҳо дар ин сурат метавон ба умеду эътимод ба суботи ҷаҳониро таҳким бахшид.
Ба гуфтаи роҳбари Чин айни ҳол башарият дар чорроҳаи мушкилоти зиёде қарор дорад.
"Инсоният бо чолишҳои бесобиқа рӯбарӯ аст, ҷаҳон дар чорроҳа қарор дорад ва ба куҷо рафтан лозим аст, ин саволест, ки на танҳо мо, балки тамоми кишварҳо сари он фикр мекунанд", - гуфт Ҷинпин.
Ба таъкиди ӯ, ҷаҳон интизор аст, ки Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муносибатҳои худро дуруст идора мекунанд.
"Маҳз ба ҳамин далел мулоқоти мо мавриди таваҷҷуҳи тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст", - изҳор дошт Ҷинпин дар хитоб ба Байден.
Вай изҳор доштааст, ки ҳамкорӣ на танҳо миёни ду давлат, балки байни ҳама сурат гирад.
Эътимод ба субот дар тамоми ҷаҳону умед, эътидоли глобалӣ, ки дар заминаи ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳосил мешавад, такони ҷиддӣ барои рушди муштарак хоҳад шуд, изҳор дошт Ҷинпин.
Мулоқоти 17-уми Бистгонаи бузург рӯзҳои 15 - 16 ноябр дар Индонезия баргузор мегардад, ки ҳайати Русияро дар он вазири умури хориҷӣ, Сергей Лавров роҳбарӣ мекунад.