https://sputnik.tj/20221114/dastur-prezident-voridoti-libos-maktabi-tojikiston-1052811870.html
Дастури президент барои коҳиши воридоти либоси мактабию корӣ ба Тоҷикистон
Дастури президент барои коҳиши воридоти либоси мактабию корӣ ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон хост талаботи дохилии кишвар ба либоси мактабӣ ва корӣ аз ҳисоби тавсеаи истеҳсолоти дохилӣ таъмин карда шавад
2022-11-14T13:00+0500
2022-11-14T13:00+0500
2022-11-14T13:00+0500
дар тоҷикистон
саноат
истеҳсол
либос
мактаб
пахта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051041088_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_4834ea17d7eab6750bbae97131c3505c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи коргоҳи ҷадиди дузандагӣ дар ноҳияи Деваштич дар мавриди рушди соҳа ба масъулин супориш дод. Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон барои дӯхти босифати либоси ягонаи мактабию корӣ дастур додааст. Вай пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакатро талаб кардааст. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон чун кишвари пахтакор зарфияти рушди соҳаи нассоҷӣ бузург арзёбӣ мешавад. Аммо феълан аксари пахтаи Тоҷикистон дар шакли хом содирот мешаваду талаботи кишвар ба маҳсулоти нассоҷӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ аз ҳисоби воридот таъмин мешавад. Ахиран дар як ҷаласаи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилояту шаҳру ноҳияҳоро барои таъмини пурраи либоси мактабии истеҳсоли худӣ муваззаф намуд. Вай хост, бо мақсади ҳар чӣ бештар фаъол намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шавад.Пештар бо мақсади беҳтар намудани сифати дӯхти либосҳои мактабӣ, "Тоҷикстандарт" якҷо бо вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳурӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, стандарти давлатии ҷадид таҳти унвони "Либоси мактабӣ. Шартҳои техникӣ" роҳандозӣ намуда буд, ки ин бахшро танзим мекунад.
https://sputnik.tj/20221114/korgoh-qolinbofi-sughd-1052807373.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051041088_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_73ea640503e9a2ea7473224efcb43726.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, хостор, афзоиш, талабот, либоси мактабӣ
эмомалӣ раҳмон, хостор, афзоиш, талабот, либоси мактабӣ
Дастури президент барои коҳиши воридоти либоси мактабию корӣ ба Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон хост талаботи дохилии кишвар ба либоси мактабӣ ва корӣ аз ҳисоби тавсеаи истеҳсолоти дохилӣ таъмин карда шавад
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи коргоҳи ҷадиди дузандагӣ дар ноҳияи Деваштич дар мавриди рушди соҳа ба масъулин супориш дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон барои дӯхти босифати либоси ягонаи мактабию корӣ дастур додааст.
Вай пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакатро талаб кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон чун кишвари пахтакор зарфияти рушди соҳаи нассоҷӣ бузург арзёбӣ мешавад. Аммо феълан аксари пахтаи Тоҷикистон дар шакли хом содирот мешаваду талаботи кишвар ба маҳсулоти нассоҷӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ аз ҳисоби воридот таъмин мешавад.
Ахиран дар як ҷаласаи ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилояту шаҳру ноҳияҳоро барои таъмини пурраи либоси мактабии истеҳсоли худӣ муваззаф намуд.
Вай хост, бо мақсади ҳар чӣ бештар фаъол намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷуда, коркарди ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ниҳоӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шавад.
Пештар бо мақсади беҳтар намудани сифати дӯхти либосҳои мактабӣ, "Тоҷикстандарт" якҷо бо вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳурӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, стандарти давлатии ҷадид таҳти унвони "Либоси мактабӣ. Шартҳои техникӣ" роҳандозӣ намуда буд, ки ин бахшро танзим мекунад.