https://sputnik.tj/20221113/prezident-tojikiston-yatimon-zaboni-rusi-1052802898.html
Президенти Тоҷикистон аз ятимон хост, забони русӣ омӯзанд
Президенти Тоҷикистон аз ятимон хост, забони русӣ омӯзанд
Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати раисҷумҳури Тоҷикистон бо ятимон дар доираи сафари корияш ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар яке аз марказҳои навбунёд сурат гирифт
2022-11-13T20:00+0500
2022-11-13T20:00+0500
2022-11-13T20:00+0500
дар тоҷикистон
забон
забони русӣ
эмомалӣ раҳмон
суғд
кӯдакони ятим
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042486385_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_79dd50a9a4c24df78a74ce8934f8f1ed.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази хизматрасонии “Шоҳ”-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконе давъат шуданд, ки аз навозиши волидон маҳрум мондаанд.Таъкид шудаст, ки наврасону ҷавонони ятим 46 нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 54 каси дигар аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд будаанд. "Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кул, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, вохӯрӣ намуда, бо оростани дастархони идона ба онҳо тӯҳфаҳои арзишманд тақдим карданд", - омадааст дар иттилоия. .Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои таҳсили хубу аъло, касбу ҳанаромӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ва кор бо технологияи ҳозиразамон даъват намудаст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон солҳои охир талош дорад, таълими забони русиро дар кишвар таҳким бахшад. Бо ин ҳадаф макотиби нав кушода мешаванду омӯзгорон аз Русия даъват мегарданд. Раисҷумҳури Тоҷикистон пайваста дар мулоқотҳояш ҷавононро ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ даъват карда, таъкид мекунад, ки зимни қабул ба хизмати давлатӣ авлавият ба онҳо дода мешавад, ки забонҳои хориҷиро баладанд.
https://sputnik.tj/20220901/rahmon-tavajjuh-jiddi-zabon-rusi-tojikiston-1051101746.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/18/1042486385_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_471a19220692e5510193d8883801b7e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, раҳмон, ятимон, суғд
мулоқот, раҳмон, ятимон, суғд
Президенти Тоҷикистон аз ятимон хост, забони русӣ омӯзанд
Суҳбати раисҷумҳури Тоҷикистон бо ятимон дар доираи сафари корияш ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар яке аз марказҳои навбунёд сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази хизматрасонии “Шоҳ”-ро ба истифода дода, бо 100 нафар ятими кул мулоқот намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконе давъат шуданд, ки аз навозиши волидон маҳрум мондаанд.
Таъкид шудаст, ки наврасону ҷавонони ятим 46 нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 54 каси дигар аз шаҳри Гулистони вилояти Суғд будаанд.
"Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кул, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, вохӯрӣ намуда, бо оростани дастархони идона ба онҳо тӯҳфаҳои арзишманд тақдим карданд", - омадааст дар иттилоия. .
Дар ҷараёни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои таҳсили хубу аъло, касбу ҳанаромӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ва кор бо технологияи ҳозиразамон даъват намудаст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон солҳои охир талош дорад, таълими забони русиро дар кишвар таҳким бахшад. Бо ин ҳадаф макотиби нав кушода мешаванду омӯзгорон аз Русия даъват мегарданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон пайваста дар мулоқотҳояш ҷавононро ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ даъват карда, таъкид мекунад, ки зимни қабул ба хизмати давлатӣ авлавият ба онҳо дода мешавад, ки забонҳои хориҷиро баладанд.