https://sputnik.tj/20221113/namoish-video-parvoz-amaliyot-1052795379.html
Намоиши парвозҳои ҷангии Су-35С дар минтақаи амалиёти низомӣ - видео
Намоиши парвозҳои ҷангии Су-35С дар минтақаи амалиёти низомӣ - видео
Sputnik Тоҷикистон
Аз вазифаҳои ин ҳавопаймои қиркунанда пуштибонии ҳавопаймоҳои ҳамлагар ва чархболҳои артиш ҳангоми зарба ба иншооти низомӣ ва техникаи Украина мебошад
2022-11-13T15:00+0500
2022-11-13T15:00+0500
2023-02-08T19:45+0500
видео
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
ҳавопаймо
амалиёт
украина
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0d/1052795551_57:0:1303:701_1920x0_80_0_0_d00ee31d34b12d5cd79d03eb890c5d80.png
Вазорати дифои Русия навори парвозҳои ҷангии ҳавопаймоҳои Су-35С-и нерӯҳои фазоии кишварро дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина намоиш дод. "Ҳайати халабонҳои ҷангандаҳои чандманзура вазифаи патрули ҳавоӣ дар як минтақаи муайянро иҷро мекунанд. Инчунин амалиёти ҳавопаймоҳои ҳамлакунанда ва чархболҳои артишро ҳангоми зарбаҳои ҳавоӣ ба иншооти низомӣ ва техникаи қувваҳои мусаллаҳи Украина пуштибонӣ менамоянд", - омадааст дар иттилоия. Қайд карда мешавад, ки парвозҳои ҷангӣ бо мушакҳои овехтаи навъҳоии гуногун анҷом дода мешаванд. Намоиши кори чархболҳои "Аллигатор" дар Украина - видеоҲангоме ки ҳадафи ҳавоӣ ошкор мешавад, экипажҳои ҷанганда онро ҳамчун ҳавопаймои душман муайян мекунанд ва бо ёрии силоҳи мушакӣ онро нобуд месозанд, омадааст дар иттилоия. Су-35С ҷангандаи вазнини чандманзураи аз лиҳози фанноварӣ, пешрафтатарин ҳавопаймои нерӯҳои кайҳонии Русия мебошад, ки аз ҷиҳати қудрат ба Су-57 хеле наздик аст.Ҳавопаймоҳо ба муҳаррикҳои тавоно, системаи идораи рақамӣ, вектори ҳамаҷониба алоқаманданд. Ҳавопаймои Су-35С аз рақибони наздиктарини худ дар суръат, аз нигоҳ манёвр ба таври қобили мулоҳиза пештар аст ва қодир аст, бори зиёди ҷангӣ, аз ҷумла мушакҳои дурпарвозро дошта бошад.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0d/1052795551_212:0:1147:701_1920x0_80_0_0_f3a8bae742014e859ab5440a757eb07b.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кор, ҳавопаймо, низомӣ, русия, амалиёт, ҷангӣ
кор, ҳавопаймо, низомӣ, русия, амалиёт, ҷангӣ
Намоиши парвозҳои ҷангии Су-35С дар минтақаи амалиёти низомӣ - видео
15:00 13.11.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Аз вазифаҳои ин ҳавопаймои қиркунанда пуштибонии ҳавопаймоҳои ҳамлагар ва чархболҳои артиш ҳангоми зарба ба иншооти низомӣ ва техникаи Украина мебошад
Вазорати дифои Русия навори парвозҳои ҷангии ҳавопаймоҳои Су-35С-и нерӯҳои фазоии кишварро дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина намоиш дод.
"Ҳайати халабонҳои ҷангандаҳои чандманзура вазифаи патрули ҳавоӣ дар як минтақаи муайянро иҷро мекунанд. Инчунин амалиёти ҳавопаймоҳои ҳамлакунанда ва чархболҳои артишро ҳангоми зарбаҳои ҳавоӣ ба иншооти низомӣ ва техникаи қувваҳои мусаллаҳи Украина пуштибонӣ менамоянд", - омадааст дар иттилоия.
Қайд карда мешавад, ки парвозҳои ҷангӣ бо мушакҳои овехтаи навъҳоии гуногун анҷом дода мешаванд.
Ҳангоме ки ҳадафи ҳавоӣ ошкор мешавад, экипажҳои ҷанганда онро ҳамчун ҳавопаймои душман муайян мекунанд ва бо ёрии силоҳи мушакӣ онро нобуд месозанд, омадааст дар иттилоия.
Су-35С ҷангандаи вазнини чандманзураи аз лиҳози фанноварӣ, пешрафтатарин ҳавопаймои нерӯҳои кайҳонии Русия мебошад, ки аз ҷиҳати қудрат ба Су-57 хеле наздик аст.
Ҳавопаймоҳо ба муҳаррикҳои тавоно, системаи идораи рақамӣ, вектори ҳамаҷониба алоқаманданд.
Ҳавопаймои Су-35С аз рақибони наздиктарини худ дар суръат, аз нигоҳ манёвр ба таври қобили мулоҳиза пештар аст ва қодир аст, бори зиёди ҷангӣ, аз ҷумла мушакҳои дурпарвозро дошта бошад.