https://sputnik.tj/20221113/hisobot-prezident-kishovarzon-sughd-qadar-istehsol-1052800313.html
Ҳисобот ба президент аз ҳаҷми ҳосили ғундошта дар Суғд
Ҳисобот ба президент аз ҳаҷми ҳосили ғундошта дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур дар Суғд хостори тақвияти иқтидори содиротии вилоят, ҷамъоварии саривақтии ҳосили дар саҳробуда ва афзоиши ҳаҷми захираи маҳсулот шудааст
2022-11-13T17:10+0500
2022-11-13T17:10+0500
2022-11-13T17:22+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
кишоварзӣ
истеҳсол
мева
сабзавот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102898/90/1028989020_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_de0dbeec08d4c9d31903ae267196c954.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, ҳисоботи масъулинро дар мавриди тавлидот шунид. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Раҳмон гузориш доданд, ки вилояти Суғд зиёда аз 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ ба парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулот машғул мебошад. Давоми соли равон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони қариб 280 ҳазор гектар замин кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ монданд, омадааст дар иттилоия. Маълум шудаст, ки дар даоми 10 моҳи соли равон кишоварзони вилоят зиёда аз 376 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 496 ҳазор тонна картошка, 537 ҳазор тонна сабзавот, 144 ҳазор тонна полезӣ ва 114 ҳазор тонна мева истеҳсол намудаанд. Дар баробари ин тайи даҳмоҳа аз вилояти Суғд ба хориҷи мамлакат зиёда аз 67 ҳазор тонна сабзавот содирот карда шудааст.Алҳол дар ҳудуди вилоят ҷамъоварии давраи тирамоҳии маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, деҳқонон аз фаровонии сабзӣ, кадую шалғам, караму лаблабу, турб, бойимҷон, қаланфур, ҷуворимакка, лубиё ва мошу нахуд, ки ҳосили кишти такрорӣ аст, изҳори қаноатмандӣ намудаанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзон ба масъулон ҷиҳати истифодаи боз ҳам мақсадноки обу замин, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, гиёҳҳои шифобахш, зиёд намудани майдони гармхонаҳо, бунёди сардхонаҳо дастур додаст. Вай ҳамчунин хостори тақвияти иқтидори содиротии вилоят, ҷамъоварии саривақтии ҳосили дар саҳробуда ва афзоиши ҳаҷми захираи маҳсулот дар сардхонаю анборҳо шудааст.
https://sputnik.tj/20221113/emomali-rahmon-sughd-1052788696.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102898/90/1028989020_110:0:1930:1365_1920x0_80_0_0_5fd16ce61b8fa15b4a4f89e5254efbf1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузориш, президент, ҳосил
гузориш, президент, ҳосил
Ҳисобот ба президент аз ҳаҷми ҳосили ғундошта дар Суғд
17:10 13.11.2022 (Навсозишуда: 17:22 13.11.2022) Раисҷумҳур дар Суғд хостори тақвияти иқтидори содиротии вилоят, ҷамъоварии саривақтии ҳосили дар саҳробуда ва афзоиши ҳаҷми захираи маҳсулот шудааст
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карда, ҳисоботи масъулинро дар мавриди тавлидот шунид.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Раҳмон гузориш доданд, ки вилояти Суғд зиёда аз 70 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ ба парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулот машғул мебошад.
Давоми соли равон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта дар майдони қариб 280 ҳазор гектар замин кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ монданд, омадааст дар иттилоия.
Маълум шудаст, ки дар даоми 10 моҳи соли равон кишоварзони вилоят зиёда аз 376 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 496 ҳазор тонна картошка, 537 ҳазор тонна сабзавот, 144 ҳазор тонна полезӣ ва 114 ҳазор тонна мева истеҳсол намудаанд.
Дар баробари ин тайи даҳмоҳа аз вилояти Суғд ба хориҷи мамлакат зиёда аз 67 ҳазор тонна сабзавот содирот карда шудааст.
Алҳол дар ҳудуди вилоят ҷамъоварии давраи тирамоҳии маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дошта, деҳқонон аз фаровонии сабзӣ, кадую шалғам, караму лаблабу, турб, бойимҷон, қаланфур, ҷуворимакка, лубиё ва мошу нахуд, ки ҳосили кишти такрорӣ аст, изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои кишоварзон ба масъулон ҷиҳати истифодаи боз ҳам мақсадноки обу замин, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, гиёҳҳои шифобахш, зиёд намудани майдони гармхонаҳо, бунёди сардхонаҳо дастур додаст.
Вай ҳамчунин хостори тақвияти иқтидори содиротии вилоят, ҷамъоварии саривақтии ҳосили дар саҳробуда ва афзоиши ҳаҷми захираи маҳсулот дар сардхонаю анборҳо шудааст.