https://sputnik.tj/20221112/rustami-emomali-qaror-tajlil-ruzi-prezident-tasvib-kard-1052778661.html
Рустами Эмомалӣ қарори чӣ гуна таҷлил шудани Рӯзи президентро тасвиб кард
Рустами Эмомалӣ қарори чӣ гуна таҷлил шудани Рӯзи президентро тасвиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Интизор меравад дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳамчунин конфренсияҳои илмӣ-назариявӣ сурат гиранд 12.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-12T09:20+0500
2022-11-12T09:20+0500
2022-11-12T09:20+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
рустами эмомалӣ
рӯзи президенти ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1d/1042566328_0:0:529:298_1920x0_80_0_0_80098e124ad8869b42b85895a1e0edfc.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе бо тасвиб намудани қароре, нақшаи таҷлил шудани Рӯзи президент дар пойтахтро муайян намуд.Бар хабари дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, дар робита ба таҷлили ин сана баргузории конференсияиҳои илмӣ-назариявӣ дар назар аст.Ҳамчунин барои сокинон ва меҳмонони Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ сурат мегиранд. Баргузор шудани мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши китобҳои роҳбари давлат низ дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” баррасӣ ва қабул карданд.Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи президент таҷлил карда мешавад.
https://sputnik.tj/20221106/demokratiya-huquqi-inson-rahmon-konstitutsiya-1052648442.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1d/1042566328_23:0:490:350_1920x0_80_0_0_3b5cd31f0ed52f510aa8705c0902da1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , рустами эмомалӣ, рӯзи президенти ҷт
дар тоҷикистон, сиёсат , рустами эмомалӣ, рӯзи президенти ҷт
Рустами Эмомалӣ қарори чӣ гуна таҷлил шудани Рӯзи президентро тасвиб кард
Интизор меравад дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҳамчунин конфренсияҳои илмӣ-назариявӣ сурат гиранд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе бо тасвиб намудани қароре, нақшаи таҷлил шудани Рӯзи президент дар пойтахтро муайян намуд.
Бар хабари дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, дар робита ба таҷлили ин сана баргузории конференсияиҳои илмӣ-назариявӣ дар назар аст.
Ҳамчунин барои сокинон ва меҳмонони Душанбе барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ сурат мегиранд. Баргузор шудани мусобиқаҳои варзишӣ ва намоиши китобҳои роҳбари давлат низ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” баррасӣ ва қабул карданд.
Минбаъд дар асоси он ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи президент таҷлил карда мешавад.