https://sputnik.tj/20221112/kelin-khushdoman-bughi-hukm-elon-shud-1052780261.html
Келин хушдоманашро дар назди набера буғӣ кард: ҳукми ӯ эълон шуд
Келин хушдоманашро дар назди набера буғӣ кард: ҳукми ӯ эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба маҳкумшуда дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дугонаи ӯ кумак кард. Пас аз қатл намудани хушдоман онҳо пулу телефон ва либосашро низ дуздиданд 12.11.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-11-12T15:26+0500
2022-11-12T15:26+0500
2022-11-12T15:26+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
куштор
хушдоман
келин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102171/37/1021713792_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_120cd3a2cbc5cf3851d056cb4c1158c5.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон сокини ноҳияи Хуросонро барои содир намудани ҷинояти “одамкушӣ” ва “дуздӣ” ба 18 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон намуд.Бар хабари дафтари матбуоти прокуратура генералии Тоҷикистон, маҳкумшуда ин ҷиноятро ҳамроҳ бо дугонааш содир намудааст.Гуфта мешавад, келин бо се фарзанди ноболиғи худ дар хонаи хушдоманаш зиндагӣ мекард. Шавҳари ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.Бинобар муноқишаҳои мунтазам миёни хушдоману келин охирон қасди аз ҳаёт маҳрум намудани модари шавҳарашро намуд ва ба ин кор дугонаи худро ҷалб намуд.Зимнан, пас аз содир намудани ҷинояти куштор, онҳо ба ҳуҷраи дигари хушдоманаш даромада, аз он ҷо пул, телефон ва ду ҷуфт либоси ӯро дуздиданд.Бо ҳукми суд дугонаи ӯ низ ба 17 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон шуд. Феълан назари муттаҳамон ва вакилони дифои онҳо дар ин маврид маълум нест.
https://sputnik.tj/20220126/jazoi-kelin-qatli-khushdoman-huzuri-kudak-1045154520.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102171/37/1021713792_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_74f66f25b7d855d0bb5dbca0e069bcde.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, куштор, хушдоман, келин
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, куштор, хушдоман, келин
Келин хушдоманашро дар назди набера буғӣ кард: ҳукми ӯ эълон шуд
Ба маҳкумшуда дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дугонаи ӯ кумак кард. Пас аз қатл намудани хушдоман онҳо пулу телефон ва либосашро низ дуздиданд
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон сокини ноҳияи Хуросонро барои содир намудани ҷинояти “одамкушӣ” ва “дуздӣ” ба 18 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон намуд.
Бар хабари дафтари матбуоти прокуратура генералии Тоҷикистон, маҳкумшуда ин ҷиноятро ҳамроҳ бо дугонааш содир намудааст.
Гуфта мешавад, келин бо се фарзанди ноболиғи худ дар хонаи хушдоманаш зиндагӣ мекард. Шавҳари ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.
Бинобар муноқишаҳои мунтазам миёни хушдоману келин охирон қасди аз ҳаёт маҳрум намудани модари шавҳарашро намуд ва ба ин кор дугонаи худро ҷалб намуд.
“Ба дугонааш либоси ҳамсарашро пӯшонду рӯи худро бо шарф баста, нимашаб ба хонаи хоби хушдоман ворид шуданд ва дар назди наберааш ӯро буғӣ карда ба ҳалокат расонданд”, - гуфта мешавад дар хабарнома.
Зимнан, пас аз содир намудани ҷинояти куштор, онҳо ба ҳуҷраи дигари хушдоманаш даромада, аз он ҷо пул, телефон ва ду ҷуфт либоси ӯро дуздиданд.
Бо ҳукми суд дугонаи ӯ низ ба 17 солу 6 моҳ маҳкум ба зиндон шуд. Феълан назари муттаҳамон ва вакилони дифои онҳо дар ин маврид маълум нест.