https://sputnik.tj/20221111/general-fsb-terrorist-garb-1052757427.html
Генерали ФСБ: Чӣ таҳдидҳои террористиро Ғарб барои Русия омода дорад?
Генерали ФСБ: Чӣ таҳдидҳои террористиро Ғарб барои Русия омода дорад?
Sputnik Тоҷикистон
ИМА аз қаноти иртиҷоии толибҳо дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад, то ба эътидоли вазъ дар ин кишвар ва минтақа дар умум роҳ надиҳад
2022-11-11T18:20+0500
2022-11-11T18:20+0500
2022-11-11T18:20+0500
видео
амният ва мудофиа
афғонистон
хатар
толиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0b/1052758191_0:0:768:432_1920x0_80_0_0_1bd17b1932b743ae05c51ac84e60b861.jpg
Генерали мустаъфии Хадамоти федералии амният - ФСБ-и Русия маълумот дар бораи ҳимояти ИМА аз қаноти нисбатан ифротии толибҳо дар Афғонистонро шарҳ дод. Роҳбари Кумитаи иҷроияи ҷамъияти умумирусиягии "Афсарони Русия", Александр Михайлов дар суҳбат бо Sputnik гуфт, сиёсати ИМА калаванда аст ва гуруҳҳои иртиҷоиеро, ки худаш ташкил медиҳаду истифода мебарад, дар ниҳоят алайҳаш мубориза мебарад. Ӯ аз ҷумла гуруҳи толибҳо ва "Ал-Қоида"*-ро мисол овард, ки дар аввал аз ҷониби худи амрикоиҳо пуштибонӣ меёфтанду баъдан ба душман мубаддал шуданд. Генерал тавзеҳ дод, ки чун вазъ барои амрикоиҳо дар сайёра бадтар шуда истодаасту яккаҳукмронияшон заиф гардидаст, онҳо мехоҳанд ба ихтилофоти хомӯшшуда равған резанд. Ҳушдори раҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ аз вазъи АфғонистонМихайлов афзуд, чун толибҳо феълан дар Афғонистон ба сарчашмаи қудрат табдил ёфтаанд, Русия барои ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ночор бояд тамос бо онҳоро нигоҳ дорад. Маскав бояд дар самт эҳтиёткорона амал кунаду барои ҳолатҳои гуногун нақшаи амал дошта бошад ва вобаста ба вазъият онҳоро пиёда созад, изҳор дошт генерал. Вай таъкид намуд, ки барои Маскав бисёр муҳим аст, ки ихтилофу шиддати авзоъ дар Афғонистон ба минтақаҳои ҷанубии собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол наёбад. Вай ҳамоҳангию муборизаи дастаҷамъонаро дар баробари хатарҳо муҳим арзёбӣ намуд. *-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0b/1052758191_41:0:681:480_1920x0_80_0_0_ec73c675a2f8e2f9e3705400e52e70d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳдид, террористӣ, ғарб, русия, толибҳо
таҳдид, террористӣ, ғарб, русия, толибҳо
Генерали ФСБ: Чӣ таҳдидҳои террористиро Ғарб барои Русия омода дорад?
ИМА аз қаноти иртиҷоии толибҳо дар Афғонистон ҷонибдорӣ мекунад, то ба эътидоли вазъ дар ин кишвар ва минтақа дар умум роҳ надиҳад
Генерали мустаъфии Хадамоти федералии амният - ФСБ-и Русия маълумот дар бораи ҳимояти ИМА аз қаноти нисбатан ифротии толибҳо дар Афғонистонро шарҳ дод.
Роҳбари Кумитаи иҷроияи ҷамъияти умумирусиягии "Афсарони Русия", Александр Михайлов дар суҳбат бо Sputnik гуфт, сиёсати ИМА калаванда аст ва гуруҳҳои иртиҷоиеро, ки худаш ташкил медиҳаду истифода мебарад, дар ниҳоят алайҳаш мубориза мебарад.
Ӯ аз ҷумла гуруҳи толибҳо ва "Ал-Қоида"*-ро мисол овард, ки дар аввал аз ҷониби худи амрикоиҳо пуштибонӣ меёфтанду баъдан ба душман мубаддал шуданд.
Генерал тавзеҳ дод, ки чун вазъ барои амрикоиҳо дар сайёра бадтар шуда истодаасту яккаҳукмронияшон заиф гардидаст, онҳо мехоҳанд ба ихтилофоти хомӯшшуда равған резанд.
Михайлов афзуд, чун толибҳо феълан дар Афғонистон ба сарчашмаи қудрат табдил ёфтаанд, Русия барои ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ночор бояд тамос бо онҳоро нигоҳ дорад.
Маскав бояд дар самт эҳтиёткорона амал кунаду барои ҳолатҳои гуногун нақшаи амал дошта бошад ва вобаста ба вазъият онҳоро пиёда созад, изҳор дошт генерал.
Вай таъкид намуд, ки барои Маскав бисёр муҳим аст, ки ихтилофу шиддати авзоъ дар Афғонистон ба минтақаҳои ҷанубии собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон интиқол наёбад. Вай ҳамоҳангию муборизаи дастаҷамъонаро дар баробари хатарҳо муҳим арзёбӣ намуд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар