Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Анҷоми интиқоли нерӯҳои Украина ба соҳили чапи Днепр

© Sputnik / Konstantin Mihalchevskiy / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске
Военнослужащие ВС РФ в автомобиле колонны военной техники в Армянске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Обуна шудан
Нерӯҳои украинӣ дар талоши халал ворид кардан ба раванди интиқоли нерӯҳои Русия онҳоро мавриди ҳамлаҳои мушакӣ қарор додаанд, аммо муваффақ нашудаанд
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ҳамаи низомиёни Русия дар вилояти Херсон ба соҳили чапи Днепр гузаронда шуданд, хабар дод Вазорати мудофиаи ФР.
Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкур соати 5-и субҳи 11 ноябр бо вақти Маскав ба анҷом расид.
"Дар соҳили рост ягон таҷҳизоти низомӣ ва аслиҳа боқӣ намондааст. Ҷузъу томҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия хатти дифоъ ва мавқеъҳои аз ҷиҳати муҳандисӣ пешакӣ омодашударо ишғол карданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки гузариш ба соҳили чапи Днепр бидуни талафи кадру техника анҷом дода шуд.
"Оташи тӯпхонаҳои Русия, ҳамлаҳои ҳавоӣ ва истифодаи монеаҳои минакоришуда нерӯҳои Украинаро дар масофаи 30-40 км аз минтақаи гузаргоҳҳо аз болои дарёи Днепр боз дошта шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Военные показали парные удары Ураганами по объектам ВСУ ― видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.11.2022
Артиши Украина зери зарбаҳои низомиёни рус: кори мушакандози чандгонаи “Ураган” - видео
Вазорати мудофиа афзуд, рақиб барои халал ворид кардан ба ҷараёни интиқоли нерӯҳо 5 бор аз маҷмааи HIMARS оташ кушодааст, аммо низоми мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва дастгоҳҳои муборизаи радиоэлектронӣ онҳоро безарар гардондааст.
Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу ахиран бо пешниҳоди фармондеҳи гуруҳҳои муштарак дар минтақаи амалиёти низомӣ, Сергей Суровикин дар мавриди ташкили ҳимояи Херсон дар соҳили чапи Днепр розӣ шуд.
Шойгу зимни ҷаласа бо низомиёни аршад гуфт, барояшон ҳифзи ҳаёти ҳайати шахсӣ аз ҳама муҳим мебошад ва таъкид намуд, ки бояд назорат карда шавад, ки ҳамаи хоҳишмандони мулкӣ аз минтақа кӯчонда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0