https://sputnik.tj/20221110/safar-kori-rahmon-vahdat-inshootro-iftitoh-1052729397.html
Сафари кории Раҳмон ба Ваҳдат: чӣ иншоотро ифтитоҳ кард?
Сафари кории Раҳмон ба Ваҳдат: чӣ иншоотро ифтитоҳ кард?
Sputnik Тоҷикистон
Сафарҳои кории раисҷумҳур пас аз боздид аз ҷануби кишвар ҳамакнун дар навоҳии тобеи марказ оғоз гардид, ки дар пайи он бинову иншооти нав ифтитоҳ мешавад
2022-11-10T10:15+0500
2022-11-10T10:15+0500
2022-11-10T10:15+0500
дар тоҷикистон
раҳмон
ваҳдат
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043016760_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_991150d50d73858622558f67359fd913.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт.Нахуст дар шаҳр президент бинои ҲХДТ-ро ифтитощ карда, бо шароити корӣ дар он шинос шудааст, хабар медиҳад, котиботи раисҷумҳури кишвар.Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро ба истифода супоридааст, ки барои 720 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.Гуфта мешавад, ки мактаби нав аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, собиқ хатмкардаи ин муассиса Евгений Мулоқандов сохта шудааст.Ин соҳибкор ҳамзамон гуфтааст, ки дар назди ин муасссаи таълимӣ барои хонандагон китобхона, ошхона, майдончаи варзишӣ ва қасри варзишӣ месозад.Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин шаҳр бинои Маркази ташхисию табобатии "Ҳоким"-ро ба истифода дод.Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дорои 4 ошёна буда, он низ аз ҷониби соҳибкор Эмомалӣ Азимов бунёд гардидааст.Бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ аз хориҷи мамлакат дастрас ва насбу васл гардидааст.Инчунин марказ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки дар он таҳлилҳои гуногун гузаронда мешавад, ки мушкили аҳолии маҳаллиро осонтар мекунад.
https://sputnik.tj/20221101/qodirov-shahritus-kollej-tibbi-1052557568.html
ваҳдат
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043016760_214:0:2031:1363_1920x0_80_0_0_4ecc79e52a0f2313c3e089dd276652ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар раҳмон ваҳдат иншоот ифтитоҳ
сафар раҳмон ваҳдат иншоот ифтитоҳ
Сафари кории Раҳмон ба Ваҳдат: чӣ иншоотро ифтитоҳ кард?
Сафарҳои кории раисҷумҳур пас аз боздид аз ҷануби кишвар ҳамакнун дар навоҳии тобеи марказ оғоз гардид, ки дар пайи он бинову иншооти нав ифтитоҳ мешавад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат рафт.
Нахуст дар шаҳр президент бинои ҲХДТ-ро ифтитощ карда, бо шароити корӣ дар он шинос шудааст, хабар медиҳад, котиботи раисҷумҳури кишвар.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдат бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро ба истифода супоридааст, ки барои 720 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки мактаби нав аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, собиқ хатмкардаи ин муассиса Евгений Мулоқандов сохта шудааст.
"Раванди омӯзиш дар муассисаи таълимӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба роҳ монда шуда, дар бинои нави он 26 нафар ва дар маҷмӯъ дар мактаб 80 омӯзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд", - афзудааст манбаъ.
Ин соҳибкор ҳамзамон гуфтааст, ки дар назди ин муасссаи таълимӣ барои хонандагон китобхона, ошхона, майдончаи варзишӣ ва қасри варзишӣ месозад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин шаҳр бинои Маркази ташхисию табобатии "Ҳоким"-ро ба истифода дод.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ дорои 4 ошёна буда, он низ аз ҷониби соҳибкор Эмомалӣ Азимов бунёд гардидааст.
Бо бунёди бинои нави маркази ташхисию табобатии муосир 40 ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, барои ташхису табобат таҷҳизоти соҳавии замонавӣ аз хориҷи мамлакат дастрас ва насбу васл гардидааст.
Инчунин марказ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки дар он таҳлилҳои гуногун гузаронда мешавад, ки мушкили аҳолии маҳаллиро осонтар мекунад.