Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Бозии Русия - Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Теъдоди мухлисоне, ки аз Русия барои тамошои бозӣ ба Тоҷикистон меоянд, маълум шуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкБолельщики сборной России на трибунах
Болельщики сборной России на трибунах  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Обуна шудан
Теъдоди дақиқи квотаҳои меҳмонон барои мухлисон аз ФР барои бозии дӯстонаи дастаҳои футболи Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе маълум шуд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Мухлисони футболи рус метавонанд дар бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Русия ширкат кунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Иттиҳодияи футболи Русия хабар додааст.
"Квотаи меҳмонон барои мухлисони рус ба бозии дӯстона 500 нафарро ташкил медиҳад", - гуфт ИФР.
Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Се рӯз баъд аз он, яъне 20 ноябр дар Тошканд русҳо бо тими миллии Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Аммо ин вохӯриро метавонанд то ҳазор мухлис аз Федератсияи Русия тамошо кунад.
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Футболбози шинохта натиҷаи бозии Тоҷикистону Русияро пешгӯӣ кард: чанд мешавад?
Қаблан ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон ҳайати мунтахаби кишварро барои бозии дӯстонаи дарпешистода бо тими Русия эълон карда буд.
Мураббии тими миллӣ - Петр Сегрт ҳайати мунтахаби кишварро эълон кард, ки он иборат аз 28 бозигар аст, ки 15 нафари он дар тимҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд. Дар маҷмӯъ мунтахаби кишвар дар бозӣ бо Русия иборат аз 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар аст.
Лентаи хабарҳо
0