https://sputnik.tj/20221110/mahsulot-tojikiston-qaziqiston-mahbubiyat-1052745721.html
Кадом маҳсулоти Тоҷикистон дар Қазоқистон маҳбубият дорад?
Кадом маҳсулоти Тоҷикистон дар Қазоқистон маҳбубият дорад?
Sputnik Тоҷикистон
Точикистон маҳсулотеро номбар кард, ки ба микдори зиёд ба Казокистон содир мекунад: оҳани ранга дар Қазоқистон талаботи зиёд дорад.
2022-11-10T19:40+0500
2022-11-10T19:40+0500
2022-11-11T09:22+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
табодули мол
додугирифт
маҳсулот
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102984/94/1029849440_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_6636a1a1592f32b967c19ac5a67e8c96.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Табодули коло миёни Душанбе ва Остона дар сатҳи мусбӣ боқӣ мондааст.Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи беш аз 373 миллион доллар маҳсулот фурӯхтааст.Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 дарсад бештар аст.Ба консентратҳои оҳани ранга, ки дар ин муддат ба Қазоқистон ба маблағи беш аз 331 миллион доллар содир шудааст, Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад. Миёни онҳо — мис, сурб ва руҳ ё синк дида мешавад."Ҳаҷми интиқоли маъдани мис ва консентратҳо аз Тоҷикистон ба Қазоқистон дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 67 ҳазору 814 тонна, маъдан ва консентратҳои сурб - 60 ҳазору 677 тонна, консентратҳои руҳ - 85 ҳазору 410 тоннаро ташкил додааст", - хабар додааст манбаъ.Ин дар ҳолест, ки воридоти мол аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2022 ҳудуди 670 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 12,7 дарсад бештар аст.Ёдовар мешавем, ки гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2021 ба сатҳи рекордӣ расида, ҳудуди 1,2 миллиард долларро ташкил дода буд.Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон орд, гандум, гази моеъ, маҳсулоти ордӣ, равған, равғани хайвонот ва растанй, сулфур, собун, моддаҳои органикии руизаминӣ ва масолеҳи гач ворид мешаванд.Душанбе ба ин кишвар пахта, алюминий ва маҳсулот аз он, маъдан, меваю сабзавот ва масолеҳи нассоҷӣ содир мекунад.
https://sputnik.tj/20221007/qazoqiston-tojikiston-qator-sayyoh-1051966710.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102984/94/1029849440_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_793c736fdffcfbed2129056ea99f5481.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, маҳсулот, оҳани ранга, талабот
тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, маҳсулот, оҳани ранга, талабот
Кадом маҳсулоти Тоҷикистон дар Қазоқистон маҳбубият дорад?
19:40 10.11.2022 (Навсозишуда: 09:22 11.11.2022) Тоҷикистон маҳсулотеро номбар кард, ки ба микдори зиёд ба Қазоқистон содир мекунад: оҳани ранга дар Қазоқистон талаботи зиёд дорад.
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Табодули коло миёни Душанбе ва Остона дар сатҳи мусбӣ боқӣ мондааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи беш аз 373 миллион доллар маҳсулот фурӯхтааст.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 дарсад бештар аст.
Ба консентратҳои оҳани ранга, ки дар ин муддат ба Қазоқистон ба маблағи беш аз 331 миллион доллар содир шудааст, Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад. Миёни онҳо — мис, сурб ва руҳ ё синк дида мешавад.
"Ҳаҷми интиқоли маъдани мис ва консентратҳо аз Тоҷикистон ба Қазоқистон дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ 67 ҳазору 814 тонна, маъдан ва консентратҳои сурб - 60 ҳазору 677 тонна, консентратҳои руҳ - 85 ҳазору 410 тоннаро ташкил додааст", - хабар додааст манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки воридоти мол аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2022 ҳудуди 670 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-сентябри соли гузашта 12,7 дарсад бештар аст.
Ёдовар мешавем, ки гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2021 ба сатҳи рекордӣ расида, ҳудуди 1,2 миллиард долларро ташкил дода буд.
Аз Қазоқистон ба Тоҷикистон орд, гандум, гази моеъ, маҳсулоти ордӣ, равған, равғани хайвонот ва растанй, сулфур, собун, моддаҳои органикии руизаминӣ ва масолеҳи гач ворид мешаванд.
Душанбе ба ин кишвар пахта, алюминий ва маҳсулот аз он, маъдан, меваю сабзавот ва масолеҳи нассоҷӣ содир мекунад.