https://sputnik.tj/20221109/sozish-rusiya-tojikiston-musobiqai-baynalmilalii-qaiqroni-1052711656.html
Созиши Русия ва Тоҷикистон барои баргузории мусобиқаи байналмилалии қаиқронӣ
Созиши Русия ва Тоҷикистон барои баргузории мусобиқаи байналмилалии қаиқронӣ
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Федератсияи қайиқронии слаломи Русия зикр намуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тими мунтахаби иттиҳодӣ дар дарёи Варзоб тамрин мекард
2022-11-09T18:05+0500
2022-11-09T18:05+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қаиқронӣ
варзоб
дарё
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101643/46/1016434654_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_01688b024631a1cc4e7c7b0ff2ebc434.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Тоҷикистону Русия мувофиқа кардаанд, ки соли оянда як мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи қаиқронии слалом баргузор намоянд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тавофуқ дар ин бора зимни мулоқоти ноиби президенти КМОТ Дилшод Назаров бо президенти Федератсияи қайиқронии слаломи Русия Сергей Папуш ҳосил шуд. Ҷонибҳо мушаххас намудаанд, ки мусобиқаи байналмилалии қайиқронии слаломро дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон баргузор намоянд. Мувофиқа шуд, ки низомномаи мусобиқа дар наздиктарин фурсат омода карда шуда, ҷиҳати анҷоми корҳои ташкилӣ кумитаи тадорукот таъсис дода шавад, омадааст дар иттилоия. Дар баробари ин зимни мулоқот масъалаҳои дигари ҳамкории дуҷониба ҷиҳати рушди варзиши қайиқронии слалом баррасӣ гардиданд.Назаров изҳори боварӣ намудаст, ки ин мулоқот боиси рушди ҳамкориҳо ва рушди намуди слалом дар Тоҷикистон хоҳад шуд.Дар навбати худ Сергей Папуш изҳор намуд, ки Тоҷикистон дарёҳои зиёд дорад, ки барои машғул шудан ва рушди варзиши қайиқронии слалом мусоид аст. Аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дастаи мунтахаб дар дарёи Варзоб тамрин мекард, омадааст дар иттилоия.
варзоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101643/46/1016434654_143:0:1103:720_1920x0_80_0_0_eccf33c287df223eab5f95e26256f6b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мизбон, қаиқронӣ,
тоҷикистон, мизбон, қаиқронӣ,
Созиши Русия ва Тоҷикистон барои баргузории мусобиқаи байналмилалии қаиқронӣ
18:05 09.11.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Президенти Федератсияи қайиқронии слаломи Русия зикр намуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тими мунтахаби иттиҳодӣ дар дарёи Варзоб тамрин мекард
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Тоҷикистону Русия мувофиқа кардаанд, ки соли оянда як мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи қаиқронии слалом баргузор намоянд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тавофуқ дар ин бора зимни мулоқоти ноиби президенти КМОТ Дилшод Назаров бо президенти Федератсияи қайиқронии слаломи Русия Сергей Папуш ҳосил шуд.
Ҷонибҳо мушаххас намудаанд, ки мусобиқаи байналмилалии қайиқронии слаломро дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон баргузор намоянд.
Мувофиқа шуд, ки низомномаи мусобиқа дар наздиктарин фурсат омода карда шуда, ҷиҳати анҷоми корҳои ташкилӣ кумитаи тадорукот таъсис дода шавад, омадааст дар иттилоия.
Дар баробари ин зимни мулоқот масъалаҳои дигари ҳамкории дуҷониба ҷиҳати рушди варзиши қайиқронии слалом баррасӣ гардиданд.
Назаров изҳори боварӣ намудаст, ки ин мулоқот боиси рушди ҳамкориҳо ва рушди намуди слалом дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Дар навбати худ Сергей Папуш изҳор намуд, ки Тоҷикистон дарёҳои зиёд дорад, ки барои машғул шудан ва рушди варзиши қайиқронии слалом мусоид аст. Аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дастаи мунтахаб дар дарёи Варзоб тамрин мекард, омадааст дар иттилоия.