https://sputnik.tj/20221109/rahmon-muomilot-mavodi-mukhaddir-khatar-jomea-1052710840.html
Раҳмон муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи кишвар медонад
Раҳмон муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи кишвар медонад
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон гуфт ба оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, солимии ҷомеа чӣ таҳдид менамояд
2022-11-09T14:30+0500
2022-11-09T14:30+0500
2022-11-09T14:30+0500
дар тоҷикистон
ҷомеа
таҳдид
маводи мухаддир
гардиши маводи мухаддир
оромӣ
субот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046204974_0:0:2933:1651_1920x0_80_0_0_a47baf1355ee6683140fc3c0e8db143a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дар баробари терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумлаи хавфу хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, гуфт Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии ВКД-и Тоҷикистон.Ба гуфтаи раисҷумҳур, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, солимии ҷомеа ва ҳаёти одамон таҳдид менамояд.“Натиҷаи фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, масъулиятшиносӣ ва малакаи баланди касбии онҳост, ки дар тӯли солҳои сипаригардида садҳо гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дастгир ва аз онҳо ҳазорҳо килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.Вай инчунин илова кард, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ВКД, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос ва содиқ ба давлату миллат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорат ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд.Илова бар ин, ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии ятимон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эътимод ба давлату миллат тарбия кардани онҳо Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва бо мақсади бо кадрҳои соҳибмаълумот таъмин намудани Хадамоти давлатии оташнишонӣ Коллеҷи оташнишонӣ – техникии вазорат таъсису бунёд гардида, ҳоло дар онҳо садҳо нафар наврасону ҷавонон таҳсил карда истодаанд.
https://sputnik.tj/20221109/rahmon-shomilshavi-javonon-guruhho-ifroti-subot-1052710309.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/18/1046204974_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_3964e4ef609984ef9369cfd3b054367a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, оромии ҷомеа, халалдор
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, оромии ҷомеа, халалдор
Раҳмон муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи кишвар медонад
Кишвардори Тоҷикистон гуфт ба оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, солимии ҷомеа чӣ таҳдид менамояд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дар баробари терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумлаи хавфу хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, гуфт Эмомалӣ раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи қисми ҳарбии 3505-и Қӯшунҳои дохилии ВКД-и Тоҷикистон.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба оромии ҷомеа ва тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, солимии ҷомеа ва ҳаёти одамон таҳдид менамояд.
“Натиҷаи фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, масъулиятшиносӣ ва малакаи баланди касбии онҳост, ки дар тӯли солҳои сипаригардида садҳо гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб дастгир ва аз онҳо ҳазорҳо килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Вай инчунин илова кард, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии ВКД, ба хизмат ҷалб кардани кормандони баландихтисос ва содиқ ба давлату миллат, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии Вазорат ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар то имрӯз барои мақомоти корҳои дохилӣ 400 иншооту биноҳои нав сохта, ба истифода дода шудаанд.
Илова бар ин, ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии ятимон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эътимод ба давлату миллат тарбия кардани онҳо Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлоб ва бо мақсади бо кадрҳои соҳибмаълумот таъмин намудани Хадамоти давлатии оташнишонӣ Коллеҷи оташнишонӣ – техникии вазорат таъсису бунёд гардида, ҳоло дар онҳо садҳо нафар наврасону ҷавонон таҳсил карда истодаанд.