https://sputnik.tj/20221109/guruh-khorij-haq-jubron-ziyon-rusiya-video-1052725449.html
Кадом гуруҳи хориҷиҳо ҳақ ба ҷуброни зиён дар Русия доранд - видео
Кадом гуруҳи хориҷиҳо ҳақ ба ҷуброни зиён дар Русия доранд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Маркази таҳлилу пажӯҳиши амалии равандҳои муҳоҷират дар Русия Вячеслав Поставнин қонуни нави марбути хориҷиёнро тавзеҳ дод
2022-11-09T20:25+0500
2022-11-09T20:25+0500
2022-11-09T20:25+0500
муҳоҷират
видео
иҷтимоъ
муҳоҷир
ҷуброн
коршинос
осеб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/09/1052724565_0:0:1171:659_1920x0_80_0_0_8346b2d6e187966fc613adf7c34d1c1f.png
Шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки дар Русия доимӣ иқомат доранд, дар баробари атбои муқимӣ ҳақ ба ҷуброни зарари ба молу мулк ва саломатӣ дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда пайдо карданд. Муҳоҷирон аз ин ҳуқуқ дар асоси принсипи мутақобила, тибқи шартномаҳои байналмилалӣ бархӯрдор мешаванд. Дар санад ҳамчунин омадааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ дар Русия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Русия дар соҳаи тандурустӣ ҳуқуқ ба ёрии тиббӣ длоранд. Оверчук: Дар бахши муҳоҷират сабукиҳо мешавандПоставнин дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки муқаррароти дахлдор танҳо нисбати муҳоҷироне татбиқ мешавад, ки дар Русия иҷозаи иқомати доимӣ ё худ "ВНЖ"-ро доранд. Коршинос таъкид намуд, ки танҳо иҷозатномаи иқомат пардохтҳоро тибқи ин қонун кафолат медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо манбаи аслии таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/09/1052724565_72:0:1113:781_1920x0_80_0_0_0355268676ba30350c7272bbf8adbe85.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, коршиносон, хориҷӣ, ҷуброн
шарҳ, коршиносон, хориҷӣ, ҷуброн
Кадом гуруҳи хориҷиҳо ҳақ ба ҷуброни зиён дар Русия доранд - видео
Роҳбари Маркази таҳлилу пажӯҳиши амалии равандҳои муҳоҷират дар Русия Вячеслав Поставнин қонуни нави марбути хориҷиёнро тавзеҳ дод
Шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки дар Русия доимӣ иқомат доранд, дар баробари атбои муқимӣ ҳақ ба ҷуброни зарари ба молу мулк ва саломатӣ дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда пайдо карданд.
Муҳоҷирон аз ин ҳуқуқ дар асоси принсипи мутақобила, тибқи шартномаҳои байналмилалӣ бархӯрдор мешаванд.
Дар санад ҳамчунин омадааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ дар Русия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Русия дар соҳаи тандурустӣ ҳуқуқ ба ёрии тиббӣ длоранд.
Поставнин дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки муқаррароти дахлдор танҳо нисбати муҳоҷироне татбиқ мешавад, ки дар Русия иҷозаи иқомати доимӣ ё худ "ВНЖ"-ро доранд.
"Сухан дар бораи хориҷиёне меравад, ки дар Русия доимӣ иқомат доранд. Муқаррароти нав иҷозаи иқомати муваққатиро шомил нест. Мутаассифона ин муқаррарот маҳдудтар аз хостаҳоямон мебошад", - афзуд ӯ.
Коршинос таъкид намуд, ки танҳо иҷозатномаи иқомат пардохтҳоро тибқи ин қонун кафолат медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба Русия садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ сафар мекунанд, ки маблағи фиристодаи онҳо манбаи аслии таъминоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.