Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Фармони Шойгу барои пас кашидани нерӯҳо ба соҳили чапи Днепр

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел встречу с министром обороны РФ С. Шойгу
Президент РФ В. Путин провел встречу с министром обороны РФ С. Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2022
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия дар шарҳи ин тасмимаш барои интиқоли нерӯҳо дар Херсон гуфт, ҳифзи ҳайати шахсии низомиён дар авлавият қарор дорад
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу бо пешниҳоди фармондеҳи гуруҳҳои муштарак дар минтақаи амалиёти низомӣ, Сергей Суровикин дар мавриди ташкили ҳимояи Херсон дар соҳили чапи Днепр розӣ шуд.
Шойгу зимни ҷаласа бо низомиёни аршад гуфт, барояшон ҳифзи ҳаёти ҳайати шахсӣ аз ҳама муҳим мебошад ва таъкид намуд, ки бояд назорат кунанд, ки ҳамаи хоҳишмандони мулкӣ аз минтақа кӯчонда шудаанд.
Дар зимн Суровикин бо таъкиди мураккаб будани ин тасмим изҳор дошт, ки дурнамои он дуруст аст.
"Бо вуҷуд, аз ҳама муҳим мо ҳаёти низомиёнамон ва амнияти гуруҳҳои муштараки нерӯҳоро ҳифз мекунем, ки нигоҳ доштани онҳо дар соҳили рост салоҳ нест", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуда, ки қисмате аз нерӯҳо барои амалиёт, аз ҷумла ҳамла дар дигар самтҳо озод хоҳанд шуд.
Фармондеҳи гуруҳи муштарак изҳор дошт, ки интиқоли нерӯҳо дар зудтарин фурсат амалӣ хоҳад шуд. Нерӯҳо дар хатти дифоии мустаҳкамшуда дар соҳили чапи Маскав ҷой дода хоҳанд шуд.
"Херсон ва минтақаҳои аҳолинишини атрофи он наметавонанд ба таври комил фаъолият кунанд, таъминот ташкил гардад, ҳаёти инсонҳо пайваста зери хатар аст", - илова намуд ӯ.
Украинские военнослужащие в Буче - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2022
Низомии Украина: Киев теъдоди талафотро пинҳон медорад - видео
Фармондеҳи аршад изҳор дошт, ки аллакай беш аз 115 ҳазор сокин аз минтақа кӯчонда шудаанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, талафоти ҷониби Украина танҳо дар самти Херсон аз август то октябр беш аз 9,5 ҳазор куштаро ташкил медиҳад. Талафоти ҷониби Русия 7-8 баробар камтар арзёбӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки амалиёти вижа барои ҳимояи Донбасс аз моҳи феврали соли равон то ҳол идома дошта, ҳадафи он ҳифзи одамони осоишта, ки тайи 8 сол мавриди зарба қарор доштаанд.
Лентаи хабарҳо
0