https://sputnik.tj/20221109/dushanbe-hamkori-iqtisodii-tojikiston-rusiya-1052704355.html
Дар Душанбе ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад
Дар Душанбе ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия марбут ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
2022-11-09T09:45+0500
2022-11-09T09:45+0500
2023-02-08T19:45+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
иқтисодӣ
равобит
душанбе
сарвазир
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Дар пойтахти кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия марбут ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, ҳайатҳои ҷонибҳоро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук роҳбарӣ мекунанд.Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар 8 моҳ нисбат ба соли 2021 беш аз 22% афзоиш ёфтааст.Гардиши коло ба 922,6 миллион доллар расид, ки ин нишон медиҳад, равобити тиҷории кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст.Бояд гуфт, ки дар соли 2021 гардиши мол нисбат ба соли 2020 қариб 45% афзоиш ёфта, ба ҳисоби доллар ба 1,2 млрд расида буд.Бояд гуфт, ки Тоҷикистон давоми 9 моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 5,5 млрд доллар савдои хориҷӣ анҷом додаст.Аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон ба воридот 3,7 млрд доллар ва содирот 1,6 млрд доллар рост меояд, иттилоъ дод хабаргузории "Авесто".Таъкид шудааст, ки савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар қиёс бо нуҳмоҳаи аввали соли гузашта 18,8% зиёд мебошад. Содироту воридоти мол ба кишвар имсол нисбати 9 моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 857 млн доллар афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20221104/afzoishi-intiqoli-mahsuloti-tojikiston-rusiya-1052628818.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, комиссия, душанбе, сарвазир, муовин раиси ҳукумат
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, иқтисодӣ, комиссия, душанбе, сарвазир, муовин раиси ҳукумат
Дар Душанбе ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия баррасӣ мешавад
09:45 09.11.2022 (Навсозишуда: 19:45 08.02.2023) Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия марбут ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Дар пойтахти кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия марбут ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад, иттилоъ додааст раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайатҳои ҷонибҳоро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Алексей Оверчук роҳбарӣ мекунанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар 8 моҳ нисбат ба соли 2021 беш аз 22% афзоиш ёфтааст.
Гардиши коло ба 922,6 миллион доллар расид, ки ин нишон медиҳад, равобити тиҷории кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Бояд гуфт, ки дар соли 2021 гардиши мол нисбат ба соли 2020 қариб 45% афзоиш ёфта, ба ҳисоби доллар ба 1,2 млрд расида буд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон давоми 9 моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 5,5 млрд доллар савдои хориҷӣ анҷом додаст.
Аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон ба воридот 3,7 млрд доллар ва содирот 1,6 млрд доллар рост меояд, иттилоъ дод хабаргузории "Авесто".
Таъкид шудааст, ки савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар қиёс бо нуҳмоҳаи аввали соли гузашта 18,8% зиёд мебошад. Содироту воридоти мол ба кишвар имсол нисбати 9 моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 857 млн доллар афзоиш ёфтааст.