https://sputnik.tj/20221109/dastur-rahmon-kishti-tiramoh-anjom-1052715694.html
Дастури Раҳмон: Кишти тирамоҳӣ то охири моҳи ноябр анҷом ёбад
Дастури Раҳмон: Кишти тирамоҳӣ то охири моҳи ноябр анҷом ёбад
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои вазорати кишоварзӣ, деҳуонони кишвар ба кишти тирамоҳӣ, ки ҳосили он соли 2023 рӯёнида мешавад, суръат бахшиданд
2022-11-09T17:05+0500
2022-11-09T17:05+0500
2022-11-09T17:05+0500
дар тоҷикистон
кишт
кишоварзӣ
зироат
тирамоҳ
эмомалӣ раҳмон
дастур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758546_0:154:3077:1885_1920x0_80_0_0_be225afc538751e7244e225bef93454c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки то охири моҳи ноябр кишти тирамоҳи ба анҷом расонида шавад, иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ. Тибқи иттилои вазорат дар соли равон дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 172 ҳазор гектар кишт гузаронида мешавад.Ин ниҳоди давлатӣ хабар додаааст, ки аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ беш аз 157 ҳазор гектарро зироати ғалладонагӣ ташкил медиҳад.Вазорат қайд кардааст, ки қисми зиёди заминҳо барои ҳосили аввали соли оянда, яъне барои кишти зироати ғалладона омода карда шуда, баъдан кишти сабзавоти гуногун дар назар аст.Таъкид шудааст, ки барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва танзими нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзӣ фаъолона идома дорад.Ҷамъоварии ҳосили иловагӣ имконияти содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро низ афзоиш медиҳад.Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то охири моҳи октябр деҳқонони ҷумҳурӣ 38 фоизи нақшаро иҷро карданд.Инчунин бояд гуфт, ки дар мавсими имсола аз саҳро бештар сабзавот (зиёда аз 1,2 миллион тонна) ва якчанд маротима камтар мева (216 ҳазор тонна) гирифта шуд. Соли равон дар майдони умумии зиёда аз 38,4 ҳазор гектар сабзавот парвариш карда шуд. Дар айни замон аз майдони 37,5 ҳазор гектар ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ гардид.
https://sputnik.tj/20221109/jamovarii-pakhta-tojikiston-1052704522.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758546_144:0:2875:2048_1920x0_80_0_0_751693fb77e113fba6e17cf3335bf19b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кишти тирамоҳӣ, кишоварзӣ, дастур, эмомалӣ раҳмон, ҷамъоварӣ, рӯёндан.
тоҷикистон, кишти тирамоҳӣ, кишоварзӣ, дастур, эмомалӣ раҳмон, ҷамъоварӣ, рӯёндан.
Дастури Раҳмон: Кишти тирамоҳӣ то охири моҳи ноябр анҷом ёбад
Ба иттилои вазорати кишоварзӣ, деҳуонони кишвар ба кишти тирамоҳӣ, ки ҳосили он соли 2023 рӯёнида мешавад, суръат бахшиданд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки то охири моҳи ноябр кишти тирамоҳи ба анҷом расонида шавад, иттилоъ додааст вазорати кишоварзӣ.
Тибқи иттилои вазорат дар соли равон дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 172 ҳазор гектар кишт гузаронида мешавад.
Ин ниҳоди давлатӣ хабар додаааст, ки аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ беш аз 157 ҳазор гектарро зироати ғалладонагӣ ташкил медиҳад.
“Инчунин дар майдони беш аз 15 ҳазор гектар дигар намуди сабзавоти барвақтӣ кишт гардид, ки ҳосили аввали барвақтии соли 2023-ро ташкил медиҳанд”, мегӯяд вазорати кишварзӣ.
Вазорат қайд кардааст, ки қисми зиёди заминҳо барои ҳосили аввали соли оянда, яъне барои кишти зироати ғалладона омода карда шуда, баъдан кишти сабзавоти гуногун дар назар аст.
Таъкид шудааст, ки барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва танзими нархҳо дар бозорҳои истеъмолӣ кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзӣ фаъолона идома дорад.
Ҷамъоварии ҳосили иловагӣ имконияти содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро низ афзоиш медиҳад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, то охири моҳи октябр деҳқонони ҷумҳурӣ 38 фоизи нақшаро иҷро карданд.
Инчунин бояд гуфт, ки дар мавсими имсола аз саҳро бештар сабзавот (зиёда аз 1,2 миллион тонна) ва якчанд маротима камтар мева (216 ҳазор тонна) гирифта шуд. Соли равон дар майдони умумии зиёда аз 38,4 ҳазор гектар сабзавот парвариш карда шуд. Дар айни замон аз майдони 37,5 ҳазор гектар ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ гардид.