https://sputnik.tj/20221109/artish-eron-omodagi-pakhsh-tazohurot-1052723413.html
Артиши Эрон омодагияш барои пахши тазоҳуротро эълон кард
Артиши Эрон омодагияш барои пахши тазоҳуротро эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Фармондеҳи аршади артиши Эрон бархӯрди нисбатан мулоими нерӯҳоро дар баробари бетартибиҳои тазоҳуротгарон ба адами фармони роҳбари олӣ рабт дод
2022-11-09T19:45+0500
2022-11-09T19:45+0500
2022-11-09T19:45+0500
дар ҷаҳон
эрон
артиш
бархӯрд
ошӯб
эътироз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051632442_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_7ee539126e6ff0e3ed1b1234d7ab030d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Артиши Эрон омода аст, нооромиҳоро дар кишвар хотима бахшад, изҳор дошт фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди артиши Эрон, генерал Каюмарс Ҳайдарӣ. Пойгоҳи хабарии "Интихоб" аз қавли аз қавли Каюмарсӣ овардааст, ки артиш омоди ин кор аст, агар фармони дахлдори раҳбари олии ин кишвар, Алӣ Хоманаӣ содир шавад. Ба гуфтаи ӯ, агар ҳоло бархӯрд бо ошӯбгарон дар Эрон на дар сатҳи талаби доираҳои инқилобист, пас ин тасмими сарфармондеҳи олӣ мебошад. Ҳамин ки ӯ фармон дод, бидуни ҳеч шакке дар Эрон барои ошӯбгарон паноҳгоҳе боқӣ нахоҳад монд, таъкид намудаст Ҳайдарӣ. Маврид ба зикр аст, ки якуним моҳ боз дар Эрон ошӯбҳо идома доранд, ки дар нимаи моҳи сентябр дар пайи марги Маҳсо Аминӣ зани ҷавони эронӣ пас аз боздошташ аз сӯи пулис оғоз ёфт. Эътирозҳо ва ошӯбҳо асосан дар вилоятҳои Гилон, Хузистон, Сиистону Балуҷистон, Теҳрон ва Курдистон сурат мегиранд.Мақомоти Эрон кишварҳои ғарбиро дар пуштибонӣ аз эътирозгарон муттаҳам мекунанд, ки ва мегӯяд онҳо дар расонаҳои худ паёмҳои дорои хусусияти тахрибкорона, зиддиэронӣ ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии қудрат дар Эронро паҳн мекунанд.Фармондеҳи артиши Эрон Абдулраҳим Мусавӣ ахиран гуфт, нооромиҳо дар Эрон бахше аз тарҳи Амрикост. Норомиҳои ахир дар Эрон бахше аз талошҳои Амрико барои халалдор кардани музокироти Вена дар бораи БАРҶОМ мебошанд, гуфт Мусавӣ.
https://sputnik.tj/20221107/eron-shoh-charogh-otash-kushod-tojikistonist-1052674425.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/17/1051632442_113:0:2780:2000_1920x0_80_0_0_4b272125a61c029b37a389e16a139e1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омодагӣ, артиш, пахш, тазоҳурот
омодагӣ, артиш, пахш, тазоҳурот
Артиши Эрон омодагияш барои пахши тазоҳуротро эълон кард
Фармондеҳи аршади артиши Эрон бархӯрди нисбатан мулоими нерӯҳоро дар баробари бетартибиҳои тазоҳуротгарон ба адами фармони роҳбари олӣ рабт дод
ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Артиши Эрон омода аст, нооромиҳоро дар кишвар хотима бахшад, изҳор дошт фармондеҳи нирӯҳои хушкигарди артиши Эрон, генерал Каюмарс Ҳайдарӣ.
Пойгоҳи хабарии "Интихоб" аз қавли аз қавли Каюмарсӣ овардааст, ки артиш омоди ин кор аст, агар фармони дахлдори раҳбари олии ин кишвар, Алӣ Хоманаӣ содир шавад.
Ба гуфтаи ӯ, агар ҳоло бархӯрд бо ошӯбгарон дар Эрон на дар сатҳи талаби доираҳои инқилобист, пас ин тасмими сарфармондеҳи олӣ мебошад. Ҳамин ки ӯ фармон дод, бидуни ҳеч шакке дар Эрон барои ошӯбгарон паноҳгоҳе боқӣ нахоҳад монд, таъкид намудаст Ҳайдарӣ.
Маврид ба зикр аст, ки якуним моҳ боз дар Эрон ошӯбҳо идома доранд, ки дар нимаи моҳи сентябр дар пайи марги Маҳсо Аминӣ зани ҷавони эронӣ пас аз боздошташ аз сӯи пулис оғоз ёфт. Эътирозҳо ва ошӯбҳо асосан дар вилоятҳои Гилон, Хузистон, Сиистону Балуҷистон, Теҳрон ва Курдистон сурат мегиранд.
Мақомоти Эрон кишварҳои ғарбиро дар пуштибонӣ аз эътирозгарон муттаҳам мекунанд, ки ва мегӯяд онҳо дар расонаҳои худ паёмҳои дорои хусусияти тахрибкорона, зиддиэронӣ ва ҳамчунин даъват ба сарнагунии қудрат дар Эронро паҳн мекунанд.
Фармондеҳи артиши Эрон Абдулраҳим Мусавӣ ахиран гуфт, нооромиҳо дар Эрон бахше аз тарҳи Амрикост. Норомиҳои ахир дар Эрон бахше аз талошҳои Амрико барои халалдор кардани музокироти Вена дар бораи БАРҶОМ мебошанд, гуфт Мусавӣ.