https://sputnik.tj/20221108/zarar-davlat-mansabdor-tojikiston-barkanor-1052692110.html
Барои зарар ба давлат 11 мансабдор дар Тоҷикистон аз мақомашон барканор шуданд
Барои зарар ба давлат 11 мансабдор дар Тоҷикистон аз мақомашон барканор шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ бар асоси тавсияҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон чанд мансабдор аз вазифааш барканор шудааст
2022-11-08T15:03+0500
2022-11-08T15:03+0500
2022-11-08T15:03+0500
дар тоҷикистон
палатаи ҳисоб
барканор
мансабдор
вазифа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031912826_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_0da0c0af9f730a46accf8b170395d80d.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Палатаи ҳисоб иттилоъ додааст, ки давоми нӯҳ моҳи соли равон дар кишвар 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.Сардори раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб Валимат Мавлонзода мегӯяд барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 26 хулосаю мактубҳои иттилоотӣ бо 1367 тавсияи судманд ирсол шудааст.Вай гуфт, аз баррасии онҳо 25 қарору фармоиш қабул гардидааст.Палатаи ҳисоб таъкид кардааст, ки дар доираи ваколати худ дар бораи натиҷаҳои чорабиниҳои аудиторӣ тавсияҳои судмандро барои бартарафсозии қоидавайронкуниҳои молиявӣ пешниҳод менамоянд.Палатаи ҳисоб қайд кардааст, ки тамоми ин амалҳоро бо мақсади пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ равона намудааст.
https://sputnik.tj/20220714/sanjish-duzdi-ziyod-palata-hisob-zarar-1049981341.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031912826_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f4763a285faf63aea34e8efc81856534.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, давлат, мақом, палатаи ҳисоб, барканор, мансабдор, зарар
тоҷикистон, давлат, мақом, палатаи ҳисоб, барканор, мансабдор, зарар
Барои зарар ба давлат 11 мансабдор дар Тоҷикистон аз мақомашон барканор шуданд
Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ бар асоси тавсияҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон чанд мансабдор аз вазифааш барканор шудааст
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Палатаи ҳисоб иттилоъ додааст, ки давоми нӯҳ моҳи соли равон дар кишвар 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд, иттилоъ додааст сомонаи “Ҷумҳурият”.
Сардори раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалии Палатаи ҳисоб Валимат Мавлонзода мегӯяд барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо, марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 26 хулосаю мактубҳои иттилоотӣ бо 1367 тавсияи судманд ирсол шудааст.
Вай гуфт, аз баррасии онҳо 25 қарору фармоиш қабул гардидааст.
“Ҳамзамон 242 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шудаанд, аз ҷумла 11 нафар, аз вазифаи ишғолнамудаашон озод шуданд”, - гуфт Валимат Мавлонзода
Палатаи ҳисоб таъкид кардааст, ки дар доираи ваколати худ дар бораи натиҷаҳои чорабиниҳои аудиторӣ тавсияҳои судмандро барои бартарафсозии қоидавайронкуниҳои молиявӣ пешниҳод менамоянд.
Палатаи ҳисоб қайд кардааст, ки тамоми ин амалҳоро бо мақсади пешгирӣ ва рафъи амалҳои коррупсионӣ равона намудааст.