Селу сангрезӣ роҳи Душанбе - ВМКБ-ро баст

© Foto / Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в РТКамнепад в Таджикистане
Камнепад в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Обуна шудан
Роҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ феълан аз ҳар ду тараф баста мебошад, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 8 ноя – Sputnik. Селу сангрезиҳо бар асари боришоти шадид рух дода, чанд қитъаи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғро бастанд, иттилоъ дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, бар асари борони бошиддат дар километри 352-юми роҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қалъаи-Хумб сел ба амал омад.
Илова бар ин, дар километри 447-уми роҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ дар наздикии деҳаи Хехик резиши санг ба қайд гирифта шуд. Ҳарду самт дар ҳоли ҳозир муваққатан баста буда, корҳо барои тоза кардани масир идома доранд, таъкид намуд КҲФ.
Раванди роҳтозакунӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Роҳандозии маҳдудиятҳо дар масири Душанбе - Чаноқ
Басташавии роҳ ба шарқи Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ҳаракати нақлиёт ба тарафи шимоли ҷумҳурӣ низ маҳдудиятҳо ҷорӣ гардидаанд.
Аз ҷумла ҳаракати мошинҳои калони борбар - "фура"-ҳо дар роҳи Душанбе - Чаноқ маҳдуд шудааст, хабар дод ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории роҳ дар ин масири пулакӣ машғул мебошад.
Ин ширкат бо нашри як иттилоия гуфт, роҳи Душанбе - Чаноқ барои ҳаракати нақлиёт, ба истиснои "фура" ва автомобилҳои боркаши ядакдор кушода мебошад.
Таъкид шудааст, ки маҳдудиятҳо барои мошинҳои боркаши вазнин муваққатан ҷорӣ гардидаанд. Феълан корҳо барои поксозии роҳ идома доранд, гузориш додаст ширкат.
Лентаи хабарҳо
0