https://sputnik.tj/20221108/rangin-mukhtalif-haftai-farhangii-eron-tojikiston-anjom-1052698996.html
Рангину мухталиф: Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон анҷом ёфт - видео
Рангину мухталиф: Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон анҷом ёфт - видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳафтаи фарҳангии Эрон бо ҳузури асҳоби фарҳангу ҳунар ва муаррифии дастовардҳои Эрон дар Тоҷикистон баргузор ва ба кори худ поён дод
2022-11-08T19:25+0500
2022-11-08T19:25+0500
2022-11-08T19:25+0500
видео
эрон
рӯзҳои фарҳангӣ
душанбе
поён
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/08/1052694012_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_f372d32cd36545928803a579d0ddb883.jpg
Беш аз 51 ҳунарманд дар арсаҳои мухталифи ҳунарҳои таҷассумӣ шомили хушнависӣ, тазҳиб, нигоргарӣ, хаттотӣ ва наққошии хат, сафолгарӣ, мушбаки филиз ва фирӯзакубӣ, дӯхту дуз бо нахи пахта, бофти фаршу гилем, Шоҳномахонӣ, варзиши зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ, гуруҳҳои мухталифи мусиқии классикӣ ва поп ва гуруҳи Шаҳпар дар ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ пардохтанд.Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ ва Зулфия Давлатзода, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон пас аз баргузории як ҳафтаи чашмгиру пурмӯҳтаво ба кори худ поён дод.Имзои санади ҳамкорӣ: Эрону Тоҷикистон пажуҳишҳои муштарак мегузаронандИлова бар Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кулобу Ҳисор низ аз дигар шаҳрҳое буданд, ки рӯзҳои фарҳангӣ ва ҳунарии Эрон дар онҳо идома ёфт.Ҳамчунин намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва фарҳангии Эрон низ баргузор шуд.Ҳамзамон бо баргузории айёми фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, Муҳамадмаҳдии Исмоъилӣ низ илова бар ҳузур дар ойини гушоиши ин рӯйдоди бузурги фарҳангӣ ва ҳунарии байналмиллалӣ бо чанд тан аз мақомоту масъӯлони ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.Имзои санади ҳамкорӣ миёни донишгоҳи бонуфузи Эрон ва Маркази таҳқиқоти стратегӣБоздид аз бурҷи Истиқлол ва чанд осорхона ва ҳузур дар маҳфили шаби шеър бо шоирони ду кишвар аз дигар барномаҳои вазири фарҳангу иршоди Эрон дар сафар ба Тоҷикистон буд.
эрон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/08/1052694012_395:0:1835:1080_1920x0_80_0_0_e166d8de63141267a3c6e00afdd7f3b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳафтаи фарҳанг, эрон, тоҷикистон, видео, дастовард, мухталиф, фарҳанг
ҳафтаи фарҳанг, эрон, тоҷикистон, видео, дастовард, мухталиф, фарҳанг
Рангину мухталиф: Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон анҷом ёфт - видео
Ҳафтаи фарҳангии Эрон бо ҳузури асҳоби фарҳангу ҳунар ва муаррифии дастовардҳои Эрон дар Тоҷикистон баргузор ва ба кори худ поён дод
Беш аз 51 ҳунарманд дар арсаҳои мухталифи ҳунарҳои таҷассумӣ шомили хушнависӣ, тазҳиб, нигоргарӣ, хаттотӣ ва наққошии хат, сафолгарӣ, мушбаки филиз ва фирӯзакубӣ, дӯхту дуз бо нахи пахта, бофти фаршу гилем, Шоҳномахонӣ, варзиши зӯрхонаӣ ва паҳлавонӣ, гуруҳҳои мухталифи мусиқии классикӣ ва поп ва гуруҳи Шаҳпар дар ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ пардохтанд.
Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури Муҳаммадмаҳдии Исмоъилӣ ва Зулфия Давлатзода, Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон пас аз баргузории як ҳафтаи чашмгиру пурмӯҳтаво ба кори худ поён дод.
Илова бар Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кулобу Ҳисор низ аз дигар шаҳрҳое буданд, ки рӯзҳои фарҳангӣ ва ҳунарии Эрон дар онҳо идома ёфт.
Ҳамчунин намоишгоҳҳои ҳунарӣ ва фарҳангии Эрон низ баргузор шуд.
Ҳамзамон бо баргузории айёми фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, Муҳамадмаҳдии Исмоъилӣ низ илова бар ҳузур дар ойини гушоиши ин рӯйдоди бузурги фарҳангӣ ва ҳунарии байналмиллалӣ бо чанд тан аз мақомоту масъӯлони ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.
Боздид аз бурҷи Истиқлол ва чанд осорхона ва ҳузур дар маҳфили шаби шеър бо шоирони ду кишвар аз дигар барномаҳои вазири фарҳангу иршоди Эрон дар сафар ба Тоҷикистон буд.