Барфрезӣ мешавад: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМужчина под зонтом в парке
Мужчина под зонтом в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Обуна шудан
Ҳаво дар Тоҷикистон абрнок буда, ҳарорат дар ВМКБ то 8 дараҷа, Суғд то 10 дараҷа, Хатлон то 15 ва Душанбею навоҳии атроф то 12 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 8 ноя— Sputnik. Дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст, хабар дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи шабона аз 4-9 то 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Вилояти Суғдро низ ҳавои қисман абрнок фаро гирифта, дар водиҳо борону дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ гардида, дар навоҳии доманакуҳӣ борони шаддид дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борон дар назар буда, дар бархе аз навоҳии куҳӣ барфрезӣ сурат мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм дар назар аст.
Ҳавои Душанбе абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад. Ҳарорат шабона 8+10 дараҷа гарм ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ медиҳанд ҳавошиносон.
Лентаи хабарҳо
0