Баррасии вазъи Афғонистон ва таъсири он ба минтақа миёни Раҳмон ва Гутерриш

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон президент Таджикистана
Эмомали Рахмон президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо дабири кулли СММ масъалаи Афғонистон ва тағйёрёбии иқлим ва обшавии пиряхҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Масъалаи вобаста ба вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақа зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш баррасӣ гардид.
Ин мулоқот дар шаҳри Шарм-уш-Шейхи Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим сурат гирифт.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2022
Раҳмон: Офатҳо ба Тоҷикистон садҳо миллион доллар зарару талафоти ҷонӣ меоранд
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир, таъмини арзишҳои волои инсоният, муқовимати муассир ба хатару таҳдидҳои замони муосирро муҳокима карданд.
Дар чараёни суҳбат ҳамчунин ҷонибҳо дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли норасоии оби ошомиданӣ, тағйёрёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар талошҳои кишвар табодули андеша карданд.
Таъкид шуд, ки тайи чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон як ҳазор пирях пурра об шудааст. Офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти кишвар 250 миллион доллар зарари моливу моддӣ расонида, дар бисёр мавридҳо боиси талафоти ҷонӣ ҳам гаштаанд.
Лентаи хабарҳо
0