Путин талаб кард, ки таваҷҷуҳ ба коронавирусро кам накунанд

© Sputnik / Сергей Ильин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо фармондорҳо аз онҳо талаб кард, ки таваҷҷуҳ ба коронавирусро, ки хусусияти мавсимӣ дорад кам накунанд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин тақозо кард, ки ба вазъи коронавирус таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад, чунки он ба як бемории мавсимӣ табдил ёфтааст.
"Ба ҳар ҳол, мо бояд рӯи он кор кунем, таваҷҷуҳро ба ин масъалаҳо кам накунем, зеро чуноне ки коршиносон мегӯянд, ин беморӣ хусусияти мавсимӣ пайдо кардааст", - гуфт ӯ дар мулоқот бо фармондори вилояти Твер Игор Руденя.
Путин ба изҳороти раиси вилоят, ки мавзӯи ковид аллакай "амалан баста шудааст" чунин вокуниш нишон дод.
Саммит ЕС в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2022
Нохушӣ болои нохушӣ дар Олмон. Садри аъзами ин кишвар гирифтори коронавирус шуд
Ба гуфтаи фармондор, дар минтақа ҳамагӣ 30 нафар гирифтори коронавирус ҳастанд ва дар бемористонҳо қарор доранд ва мақомот то ҳол чораҳои пешгирикунанда меандешанд.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои Тедрос Адҳаном Гебрейесус, директори генералии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) пандемияи COVID-19 дар арафаи анҷомёбист.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъ дар ҷаҳон аз ҳарвақта бештар барои рафъи сирояти коронавирус мувофиқ аст.
Лентаи хабарҳо
0