Осмонбӯс дар Дубай оташ гирифт - видео

Обуна шудан
Бинои осмонбӯсе, ки оташ гирифт, дар наздикии яке аз иншооти асосии шаҳри Дубай, баландтарин бинои ҷаҳон - Бурҷи Халиф ҷойгир мебошад
Дар яке аз биноҳои осмонбӯс дар маркази Дубай сӯхтор сар зад. Оташ қариб тамоми 35 ошёнаи биноро фаро гирифт.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар дода, видеоро аз маҳалли ҳодиса нашр кардаанд.
Маълум аст, ки бино ба ширкати Emaar - бузургтарин хизматрасон дар бахши сармоягузорӣ ба амволи ғайриманқул дар ҷаҳони араб тааллуқ дорад.
Бинои баландошёна дар минтақаи марказии шаҳр, дар наздикии яке аз ҷойҳои асосии тамошобоби Дубай - осмонбӯси Бурҷи Халиф ҷойгир мебошад.
Сӯхтори даҳшатбор дар клуби шабона дар Кострома: акс аз ҷои фоҷиа
Бар асоси наворҳо маълум аст, ки алангаи оташ як хатти биноро фаро гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир дар бораи қурбониён маълумоте дастрас нест. Дар мавриди сабабҳои сӯхтор низ маълумоте ироа нашудааст.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, сӯхтор шаби 7 ноябр сар задааст. Таъкид гардидааст, ки дар бинои оташгирифта, низоми бонги хатар кор накардаст.
Маврид ба зикр аст, ки Даунтаун, ноҳияе, ки дар он сӯхтор сар зад, бузургтарин тарҳо дар Имороти Муттаҳидаи Араб буда, ҳамзамон кӯчактарин ноҳия дар Дубай ба шумор меравад.
Ин ноҳия макони аслии ҷалби сайёҳон дар Дубай ба шумор рафта, дар он дар баробари маҷмааи тиҷоратии Дубай молл ҳамчунин бузургтарин фаввораҳои сарояндаю рақскунанда ҷойгир мебошад.
Лентаи хабарҳо
0