Кишти тирамоҳӣ дар Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст?

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкСев озимых зерновых
Сев озимых зерновых  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Обуна шудан
То ҳол кишоварзони Тоҷикистон қариб 40%-и дурнамои кишти тирамоҳӣ дар кишвар дар соли ҷориро иҷро намуда, барои амалисозии пурраи он талош доранд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар назар аст, ки соли равон дар майдони қариб 173 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда шавад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, тибқи дурнамо, деҳқонони мамлакат бояд дар майдони 172,8 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ ва зироати барвақтӣ гузаронанд.
Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат таъкид намудаст, ки ба ҳолати охири октябр дар кишвар қариб 40%-и дурнамои кишти тирамоҳӣ иҷро шудааст.
Тавзеҳ дода шуд, ки аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ зиёда аз 157 ҳазор гектарро зироати ғалладонагӣ ва беш аз 15,7 ҳазор гектарро сабзавоти барвақтӣ ташкил медиҳанд.
Овощи на Международной выставке Узбекистан на Шелковом пути - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Дар Тоҷикистон беш аз миллион тонна сабзавот ҷамъоварӣ кардаанд
Вазорати кишоварзӣ кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатро вусъат бахшида, илова намудааст, ки ин иқдом таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ дорад.
Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои охир раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ раҳмон борҳо аз буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон ҳушдор дода, таъкид мекунад, ки шаҳрвандон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода баранд. Президент ҳамчунин барои киштҳои такрорию тирамоҳӣ мунтазам даъват мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавориро яке аз чор ҳадафи стратегии худ қарор дода, барои амалишавии он талош дорад. Феълан Тоҷикистон қисме аз талаботашро ба маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла орду гандум аз ҳисоби воридот таъмин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0