Рақобати Русия ва Тоҷикистон: Эълони номи бозигароне, ки вориди майдон мешаванд

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2022
Обуна шудан
Бозии дӯстонаи тимҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон дар риштаи футзал рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар шаҳри Душанбе дар назаранд. Сармураббиён ҳайатҳоро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Ситоди мураббиёни тими миллии футзали Русия таҳти сарварии Константин Маевский 14 бозигарро даъват кардааст.
Ба иттилои ситоди тими мунтахаби Русия, ба бозӣ аз ҷумла Андрей Понкратов, Павел Симаков, ҳарду аз “Газпром-Югра”, Дмитрий Зайтсев, Сергей Денисов аз “Торпедо”-и Нижний Новгород, Янар Асадов, Андрей Заболонков, Артём Ниёзов аз Ҳизби коммунистии ФР, Маскав даъват шуданд.
Ҳамчунин Павел Карпов, Егор Шишкин, Никита Фахрутдинов аз “Синара”-и Екатеринбург, Михаил Москалев, Антон Рубцов аз “Ухта” вориди майдон хоҳанд шуд.
Таъкид гардид, ки дастаи мунтахаби футзали Русия аллакай вориди Душанбе гардидаст.
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Футболбози шинохта натиҷаи бозии Тоҷикистону Русияро пешгӯӣ кард: чанд мешавад?
Маврид ба зикр аст, ки қаблан сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов ба тим 16 бозигар, аз ҷумла 2 дарвозабонро даъват намуд.
Аз ҷумла дарвозабонҳо - Фирӯз Бекмуродов (“Истиқлол”), Муродулло Алиқулов (“Амонатбонк”) мебошанд.
Дар феҳраст ҳамчунин Файзалӣ Сардоров, Идрис Ёров, Дилшод Саломов, Муҳаммадҷон Шарифов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Насим Шарифов (“Соро компания”), Рустам Ҳамидов, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (“Истиқлол”), Шавкат Ҳалимов, Умед Кузиев, Иқбол Воситзода ( “Сипар”), Баҳодур Хоҷаев (“Истаравшан”) даъват шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин рақобат рӯзҳои 7 ва 8 ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии Душанбе доир мегардад, ки он соати 20:00 оғоз мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0