https://sputnik.tj/20221104/peshnihod-qirghiziston-idm-tekhnika-nizomiro-marz-1052630592.html
Пешниҳоди Қирғизистон ба кишварҳои ИДМ: Техникаҳои низомиро аз марз дур баред
Пешниҳоди Қирғизистон ба кишварҳои ИДМ: Техникаҳои низомиро аз марз дур баред
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон, чунин тадбир ба ҳифзи амнияти байналмилалӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳама талошҳо барои ноором кардани субот кумак хоҳад кард
2022-11-04T17:15+0500
2022-11-04T17:15+0500
2022-11-04T17:15+0500
қирғизистон
марз
низомӣ
идм
пешниҳод
ҷилавгирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1348:759_1920x0_80_0_0_d3e419ce9746d21b2ccc8d5b16f0594e.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар қаламрави кишварҳои ИДМ барои нигоҳдории техникаи вазнини ҳарбӣ дар наздикии марзҳо бояд маҳдудият ҷорӣ карда шавад.Ин гуна пешниҳодро дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов зимни нишасти даҳуми котибони шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ дар Маскав ироа кард.Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, сухан дар бораи танкҳо, тӯпхонаҳо ва мушакандозҳои чандгона меравад.Илова бар ин, Имонқулов пешниҳод кардааст, ки табодули маълумоти фаврӣ байни сохторҳои дахлдор афзоиш дода шавад.Ҳамчунин ӯ пешниҳод кардааст, ки кишварҳои дар бораи воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳ, ки дар наздикии марзҳо ҷойгиранд, ба як дигар маълумоти бештар диҳанд.Раиси Шӯрои Амнияти Қирғизистон афзуд, "фаъолияти ҳамаҷонибаи ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои роҳандозии ҳамкориҳо ва дарёфти созишҳо ба манофеи субот ва сулҳ зарур аст."Вай инчунин таъкид кард, ки амнияти байналмилалӣ набояд ба “ғурури таҷовузкоронаи касе” вобаста бошад ва аз ин рӯ, барои ноором сохтани вазъ муқобилияти самаранокро талаб мекунад.
https://sputnik.tj/20221101/lukashenko-khudo-nizo-marz-tojikiston-qirghiziston-video-1052567530.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_45a9084e62f5f55698c6d252610613b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, идм, пешниҳод, марз, техника. низомӣ, ҷилавгирӣ, ноором
қирғизистон, идм, пешниҳод, марз, техника. низомӣ, ҷилавгирӣ, ноором
Пешниҳоди Қирғизистон ба кишварҳои ИДМ: Техникаҳои низомиро аз марз дур баред
Ба гуфтаи раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон, чунин тадбир ба ҳифзи амнияти байналмилалӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳама талошҳо барои ноором кардани субот кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Дар қаламрави кишварҳои ИДМ барои нигоҳдории техникаи вазнини ҳарбӣ дар наздикии марзҳо бояд маҳдудият ҷорӣ карда шавад.
Ин гуна пешниҳодро дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов зимни нишасти даҳуми котибони шӯрои амнияти кишварҳои узви ИДМ дар Маскав ироа кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, сухан дар бораи танкҳо, тӯпхонаҳо ва мушакандозҳои чандгона меравад.
Илова бар ин, Имонқулов пешниҳод кардааст, ки табодули маълумоти фаврӣ байни сохторҳои дахлдор афзоиш дода шавад.
Ҳамчунин ӯ пешниҳод кардааст, ки кишварҳои дар бораи воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳ, ки дар наздикии марзҳо ҷойгиранд, ба як дигар маълумоти бештар диҳанд.
Раиси Шӯрои Амнияти Қирғизистон афзуд, "фаъолияти ҳамаҷонибаи ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои роҳандозии ҳамкориҳо ва дарёфти созишҳо ба манофеи субот ва сулҳ зарур аст."
Вай инчунин таъкид кард, ки амнияти байналмилалӣ набояд ба “ғурури таҷовузкоронаи касе” вобаста бошад ва аз ин рӯ, барои ноором сохтани вазъ муқобилияти самаранокро талаб мекунад.