https://sputnik.tj/20221104/peshguii-brongariho-havoi-sard-khujand-video-1052631218.html
Пешгӯии боронгариҳову ҳавои сард дар Хуҷанд – видео
Пешгӯии боронгариҳову ҳавои сард дар Хуҷанд – видео
Sputnik Тоҷикистон
Резиши борон инак ду шабонарӯз дар Хуҷанд ва дигар навоҳии Суғд идома дорад. Тавре дида мешавад резиши борон шадид нест, балки зебо ва майда майда
2022-11-04T18:25+0500
2022-11-04T18:25+0500
2022-11-24T19:10+0500
дар тоҷикистон
борон
обу ҳаво
хуҷанд
суғд
сардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032164977_0:116:3071:1843_1920x0_80_0_0_aa77190fd5400cad9db0738d1231e33c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Дар рӯзҳои боронӣ дар роҳу ҷодаҳои Хуҷанд дида мешавад, ки баъзеҳо барои рафтан ба коргоҳ ё кӯча дар сар чатр гирифтаанд. Баъзеи дигар на, шояд фаромӯш кардаанд ва ё дар фикри харидани чатр ҳастанд.Дар ҳамин ҳол Абдувалӣ Ҳомидов, сардори маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки мувофиқи таҳқиқи онҳо имрӯз дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст.Ин масъули Идораи обуҳавосанҷӣ дараҷаи резиши борони рӯзи гузашта дар миқёси шаҳру навоҳии Суғдро шарҳ дод.Идораи обуҳавосанҷии Суғд зимни суҳбат ҳарорати ҳаво барои пагоҳ 5 ноябрро тавзеҳ дод.Бино ба арзёбии обуҳавосанҷон, ҳарорати ҳаво барои рӯзи оянда абрнок пешгӯӣ шуда, эҳтимол дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф ва тармеғ (тумани ғафс) фарояд.Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона 3–8 дараҷа ва рӯзона 10-15 гарм мешавад.Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад шабона то -2 дараҷа сард ва рӯзона то +3 гарм хоҳад шуд.
хуҷанд
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1c/1032164977_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_cf24338030132c23065a84a9e22472ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, боронгарӣ, ҳавои сард, хуҷанд, суғд, обу ҳаво
тоҷикистон, боронгарӣ, ҳавои сард, хуҷанд, суғд, обу ҳаво
Пешгӯии боронгариҳову ҳавои сард дар Хуҷанд – видео
18:25 04.11.2022 (Навсозишуда: 19:10 24.11.2022) Резиши борон инак ду шабонарӯз дар Хуҷанд ва дигар навоҳии Суғд идома дорад. Тавре дида мешавад резиши борон шадид нест, балки зебо ва майда майда
ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Дар рӯзҳои боронӣ дар роҳу ҷодаҳои Хуҷанд дида мешавад, ки баъзеҳо барои рафтан ба коргоҳ ё кӯча дар сар чатр гирифтаанд. Баъзеи дигар на, шояд фаромӯш кардаанд ва ё дар фикри харидани чатр ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол Абдувалӣ Ҳомидов, сардори маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки мувофиқи таҳқиқи онҳо имрӯз дар ҳама шаҳру навоҳии Суғд ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст.
Ин масъули Идораи обуҳавосанҷӣ дараҷаи резиши борони рӯзи гузашта дар миқёси шаҳру навоҳии Суғдро шарҳ дод.
“Муайян гардид, ки дараҷаи аз ҳама пасти резиши борон дар ноҳияи Ашт будааст, ки ҳамагӣ ба 0,2 мм ва дараҷаи аз ҳама баланд дар шаҳри Панҷакент буда ба 21 мм баробар будааст”, - қайд намуд, Ҳомидов.
Идораи обуҳавосанҷии Суғд зимни суҳбат ҳарорати ҳаво барои пагоҳ 5 ноябрро тавзеҳ дод.
Бино ба арзёбии обуҳавосанҷон, ҳарорати ҳаво барои рӯзи оянда абрнок пешгӯӣ шуда, эҳтимол дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо барф ва тармеғ (тумани ғафс) фарояд.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм шуда, дар доманакӯҳҳо шабона 3–8 дараҷа ва рӯзона 10-15 гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад шабона то -2 дараҷа сард ва рӯзона то +3 гарм хоҳад шуд.