Бо чӯбу миёнбанд зад: куштори духтари хурдсол аз сӯи падари солхӯрда дар Душанбе-видео

© Sputnik / Табылды КадырбековНасилие в семье, архивное фото
Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
Алайҳи падар бо ин иттиҳои парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, дар сурати тасдиқи айбдорӣ, ӯро аз 8 то 15-соли зиндон мунтазир аст
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Кормандони пулис як сокини шаҳри Душанберо ба иттиҳоми куштор боздошт кардаанд.
Марди боздоштшуда бо гумони то дами марг задани духтари 11-солаи худ муттаҳам мешавад.
Бино ба гузориши телевизионии ВКД, ҳодиса рӯзи 28 октябр дар хонаи як сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, падари 66-cола Гурезов Саид, ки барои харидани доруву табобат пул ҷамъ карда буд, онро наёфта, духтарашро ба гирифтани он айбдор кардаву мавриди латукӯб қарор медиҳад.
Падар барои аз духтараш пурсон шуданаш, ки пулро гирифтаву чӣ кор кардааст, ӯро бо чӯб ва камарбанд сахт латукӯб кардааст. Ҳамчунин сари ӯро чандин маротиба ба девор задааст.
Дар пайи зарбаҳои шадид духтари хурдсол ба ҳалокат мерасад.
Мақомот мегӯянд, баёноти шоҳидон ашё ва изҳо дар ҷойи ҷиноят ҳамчун далел сабт шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳоло Додситонии шаҳри Душанбе алайҳи дастгиршуда бар асоси моддаи 104 қисми 2, банҳои "в" "е" (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз карда, тафтишот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонун аз 8 то 15 соли зиндонро ба ҷинояткорон пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0