Имзои санади ҳамкорӣ: Эрону Тоҷикистон пажуҳишҳои муштарак мегузаронанд

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон тавсиаи ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилии ва имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни марокизҳои фикрии дукишварро рӯйдодҳои муҳим донист
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ахиран масъулини Марказии таҳқиқоти стратежикии Тоҷикистон ва муасисаи фарҳангии муттолеъот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон ёддошти тафоҳуми ҳамкори имзо карданд, иттилоъ додаст Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар мулоқоти Хайриддини Усмонзода, Раиси маркази таҳқиқотии стратежикии Тоҷикистон бо Обиди Акбарӣ, Раиси муасисаи фарҳангии муттолеъот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон ба имзо расидааст.
Манбаъ хабар додааст, ки раиси муасисаи фарҳангӣ ва муттолеъот ва таҳқиқоти байналмиллалии Теҳрон Обиди Акбарӣ дар ин нишасти ҳамкории илмӣ-пажуҳишии муштарак бо маркази таҳқиқоти стратежикии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кардааст.
Тепловоз ТЭ33А на Таджикской железной дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Ҳаракати аввалин қатори транзитии Тоҷикистон аз масири Эрон ба Туркия
Вай қайд кардааст, ки густариши равобити илмӣ, таҳлилӣ ва таҳқиқотии муштарки мавзӯъоти мухталифи минтақаӣ ва байналмиллалӣ имкон медиҳад то аз назари фикри тавсиаҳои муфидиро барои ҳифзи манофеъи дуҷонибаи кишварҳои худ ироа диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, раис марказӣ таҳқиқоти стратежики Тоҷикистон Хайриддини Усмонзода низ дар ин дидор аз истиқболи самимонаи тарафи эронӣ қадрдони кард ва тавсиаи ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилии байни марокизҳои фикрии дукишварро рӯйдодҳои муҳим донист.
Лентаи хабарҳо
0