https://sputnik.tj/20221102/tojikiston-tavlid-nuri-minerali-oghoz-arzon-1052579511.html
Тоҷикистон ба тавлиди нуриҳо оғоз кард: Аз воридотӣ 2 баробар арзон аст
Тоҷикистон ба тавлиди нуриҳо оғоз кард: Аз воридотӣ 2 баробар арзон аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ аст, нуриҳои минералӣ тайи солҳои охир пурра аз хориҷ ворид карда мешуданд, чун ҳеч корхонаи худӣ фаъолият надошт
2022-11-02T14:00+0500
2022-11-02T14:00+0500
2022-11-02T14:04+0500
дар тоҷикистон
саноат
истеҳсол
нуриҳои минералӣ
кишоварзӣ
ёвон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045037969_272:0:1712:810_1920x0_80_0_0_edd2ad00b8fe8bab59d8419858fdb1ab.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори "ТАЛКО Кемикал"-ро ба истифода дод. Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд, ки барои тавлиди нуриҳои азотию фосфордор кислотаи сулфати 98,5%-ӣ, хокаи бентонит ва сулфати аммоний истифода мегардад. Дар оянда дар нақша ҳаст аст, ки калий ҳамроҳ карда шуда, маҳсулоти азот, фосфор ва калий истеҳсол гардад.Таъкид шудаст, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 200 тонна буда, дар як сол 75 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол менамояд."Дар корхонаи саноатӣ нурии минералӣ бо истифода аз технологияи муосир, ки истеҳсоли Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ба роҳ монда шудааст", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудаст, ки дар корхона нурии минералӣ бо сифати баланд истеҳсол истеҳсол гардида, бо нархи 2 ҳазор сомонӣ барои як тонна пешниҳоди мизоҷон мегардад, ки назар ба нархи бозор 2,5 маротиба арзон аст. Таъкид шуд, ки "ТАЛКО Кемикал" нақша дорад, дар ояндаи наздлик марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордорро бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол сохта ба истифода диҳад ва дар он беш аз 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин мегардад.Бо таъсиси марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолӣ дар баробари таъмини талаботи аҳолӣ бо нурии минералӣ содироти ин навъи маҳсулоти истеҳсолоти ватанӣ ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда мешавад, таъкид намуд манбаъ.Дар Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ аст, нуриҳои минералӣ тайи солҳои охир пурра аз хориҷ ворид карда мешуданд, чун ҳеч корхонаи худӣ фаъолият надошт.
https://sputnik.tj/20221029/smm-kishvarho-davat-dastrasi-bozor-nuriho-rusiya-tamin-1052507882.html
ёвон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045037969_452:0:1532:810_1920x0_80_0_0_fc6c5335408a24c706cad4ad6e70a564.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нурӣ, минераллӣ, тоҷикистон, корхона, тавлид
тоҷикистон, нурӣ, минераллӣ, тоҷикистон, корхона, тавлид
Тоҷикистон ба тавлиди нуриҳо оғоз кард: Аз воридотӣ 2 баробар арзон аст
14:00 02.11.2022 (Навсозишуда: 14:04 02.11.2022) Нуриҳои тавлидкардаи корхонаи нави Тоҷикистон бо нархи 2 ҳазор сомонӣ сари як тонна пешниҳоди мизоҷон мегардад, ки дар қиёс бо нархи бозор ба маротиб арзон аст
ДУШАНБЕ, 2 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори "ТАЛКО Кемикал"-ро ба истифода дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, ба Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот доданд, ки барои тавлиди нуриҳои азотию фосфордор кислотаи сулфати 98,5%-ӣ, хокаи бентонит ва сулфати аммоний истифода мегардад. Дар оянда дар нақша ҳаст аст, ки калий ҳамроҳ карда шуда, маҳсулоти азот, фосфор ва калий истеҳсол гардад.
Таъкид шудаст, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 200 тонна буда, дар як сол 75 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол менамояд.
"Дар корхонаи саноатӣ нурии минералӣ бо истифода аз технологияи муосир, ки истеҳсоли Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ба роҳ монда шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки дар корхона нурии минералӣ бо сифати баланд истеҳсол истеҳсол гардида, бо нархи 2 ҳазор сомонӣ барои як тонна пешниҳоди мизоҷон мегардад, ки назар ба нархи бозор 2,5 маротиба арзон аст.
Таъкид шуд, ки "ТАЛКО Кемикал" нақша дорад, дар ояндаи наздлик марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордорро бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол сохта ба истифода диҳад ва дар он беш аз 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин мегардад.
Бо таъсиси марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолӣ дар баробари таъмини талаботи аҳолӣ бо нурии минералӣ содироти ин навъи маҳсулоти истеҳсолоти ватанӣ ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда мешавад, таъкид намуд манбаъ.
Дар Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ аст, нуриҳои минералӣ тайи солҳои охир пурра аз хориҷ ворид карда мешуданд, чун ҳеч корхонаи худӣ фаъолият надошт.