Ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон маълум шуд: Шарикони асосӣ киҳоянд?

© Sputnik / Владимир Корнев / Гузариш ба медиабонкГрузовики на границе
Грузовики на границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Обуна шудан
Тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон ҳамоно манфӣ боқӣ монда, содироти мол аз кишвар дар қиёс бо воридоти коло аз хориҷа ба маротиб кам мебошад
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Тоҷикистон давоми 9 моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 5,5 млрд доллар савдои хориҷӣ анҷом додаст.
Аз ҳаҷми умумии савдои хориҷии Тоҷикистон ба воридот 3,7 млрд доллар ва содирот 1,6 млрд доллар рост меояд, иттилоъ дод хабаргузории "Авесто".
Таъкид шудааст, ки савдои хориҷии ҷумҳурӣ дар қиёс бо нуҳмоҳаи аввали соли гузашта 18,8% зиёд мебошад. Содироту воридоти мол ба кишвар имсол нисбати 9 моҳи аввали соли 2021 ҳудуди 857 млн доллар афзоиш ёфтааст.
Тавозуни Тоҷикистон ҳамоно манфӣ боқӣ монда, кишвар чун анъана пойбанди молҳои воридотист. Бар асоси омори ироашуда, дар 9 моҳ воридот аз содирот ҳудуди 2,1 млрд доллар зиёдтар будаст.
"Содироти мол 1,6 млрд долларро ташкил дода, 5,5% ё 85,2 млн доллар афзоиш ёфтааст", - гуфт манбаъ.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Харҷи Тоҷикистон аз дахлаш дар соли оянда 1 млрд сомонӣ бештар пешбинӣ шудаст
Ҳаҷми воридоти мол бошад, бо афзоиши 25,7% ё 772 млн доллар ба беш аз 3,7 млрд доллар расидааст.
Ҳамин тариқ, сегонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ маълум шудаанд. Русия бо нишондоди 1,2 млрд доллар дар садри шарикони асосии хориҷии Тоҷикистон қарор дорад.
Бо Қазоқистон ба маблағи 1 млрд доллар ва бо Чин 965 млн доллар додугирифти коло доштааст.
Маврид ба зикр аст, ки аз молҳои асосии воридотии Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0