https://sputnik.tj/20221102/maqom-zaynullo-sharifzoda-sohibov-1052574522.html
Мақоми нави Зайнулло Шарифзода, маъруф бо насаби Соҳибов
Мақоми нави Зайнулло Шарифзода, маъруф бо насаби Соҳибов
Sputnik Тоҷикистон
Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло, ки пештар насаби Соҳибовро дошт, дар бахши варзиши Тоҷикистон ба мақоми нави роҳбарӣ интихоб гардид
2022-11-02T11:12+0500
2022-11-02T11:12+0500
2022-11-02T11:15+0500
дар тоҷикистон
мақом
кумитаи миллии олимпии ҷт
таэквандо
интихоб
раис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103072/19/1030721988_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_c469021f701a6df38c7175fd653899e3.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Зайнулло Шарифзода, ки аз соли 2020-ум роҳбарии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистонро ба уҳда дорад, раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и ҷумҳурӣ интихоб шуд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шарифзода дар ин мақом Ҷаҳонзеб Қармишевро иваз намуд, ки аз соли 2017 дар ин мақом фаъолият дошт. Таъкид шудаст, ки Қармишев аз ин мақом худаш истеъфо дод. Шарифзода Зайнулло дар ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи миллии Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон барои интихоб гардиданаш ба ин мақом ба ҳозирин сипос гуфт. Вай таъкид намудаст, ки дар ҳамкорӣ намуди олимпии таеквондоро рушд хоҳанд дод. Ҳамчунин бо пешниҳоди Шарифзода, Қармишев Ҷаҳонзеб ноиби аввали раис ва Собирзода Парвиз ноиби раиси федератсияи интихоб шуданд.Аз аввалин вазифаҳои гузоштаи раиси нав, ин роҳ ёфтани варзишгарони Тоҷикистон аз рӯи ин намуд ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.Маврид ба зикр аст, ки натиҷаҳои варзишгарони Тоҷикистон дар намуди таеквондо хуб арзёбӣ мешаванд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷумла зикр намудаст, ки аз рӯи ин намуди варзиш Тоҷикистон медали биринҷии Бозиҳои олимпии наврасон (2010-Сингапур), ду иштирокчии Бозиҳои олимпӣ (2012-Лондон), се медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2014-Инчон), 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷии чемпионатҳои Осиёро дорад.
https://sputnik.tj/20220627/mohru-halimova-koreyai-janubi-medal-1049538865.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103072/19/1030721988_0:0:867:650_1920x0_80_0_0_afd172b6b36de2dee42c9f6cb6cb9021.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарифзода, қармишев, раис, интихоб
шарифзода, қармишев, раис, интихоб
Мақоми нави Зайнулло Шарифзода, маъруф бо насаби Соҳибов
11:12 02.11.2022 (Навсозишуда: 11:15 02.11.2022) Шарифзода Зайнулло Маҳмадулло, ки пештар насаби Соҳибовро дошт, дар бахши варзиши Тоҷикистон ба мақоми нави роҳбарӣ интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Зайнулло Шарифзода, ки аз соли 2020-ум роҳбарии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумати Тоҷикистонро ба уҳда дорад, раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и ҷумҳурӣ интихоб шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шарифзода дар ин мақом Ҷаҳонзеб Қармишевро иваз намуд, ки аз соли 2017 дар ин мақом фаъолият дошт. Таъкид шудаст, ки Қармишев аз ин мақом худаш истеъфо дод.
Шарифзода Зайнулло дар ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи миллии Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон барои интихоб гардиданаш ба ин мақом ба ҳозирин сипос гуфт. Вай таъкид намудаст, ки дар ҳамкорӣ намуди олимпии таеквондоро рушд хоҳанд дод.
Ҳамчунин бо пешниҳоди Шарифзода, Қармишев Ҷаҳонзеб ноиби аввали раис ва Собирзода Парвиз ноиби раиси федератсияи интихоб шуданд.
Аз аввалин вазифаҳои гузоштаи раиси нав, ин роҳ ёфтани варзишгарони Тоҷикистон аз рӯи ин намуд ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки натиҷаҳои варзишгарони Тоҷикистон дар намуди таеквондо хуб арзёбӣ мешаванд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҷумла зикр намудаст, ки аз рӯи ин намуди варзиш Тоҷикистон медали биринҷии Бозиҳои олимпии наврасон (2010-Сингапур), ду иштирокчии Бозиҳои олимпӣ (2012-Лондон), се медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2014-Инчон), 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷии чемпионатҳои Осиёро дорад.