https://sputnik.tj/20221101/narkhi-suzishvori-khujand-bolo-1052566540.html
Нархи сӯзишворӣ дар шимоли Тоҷикистон боло рафт
Нархи сӯзишворӣ дар шимоли Тоҷикистон боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бар ин назаранд, ки афзоиши қимати гази моеъ ба ҳаҷми хариду интиқоли сӯзишворӣ ба кишвар рабт дорад
2022-11-01T18:00+0500
2022-11-01T18:00+0500
2022-11-01T18:00+0500
хуҷанд
сӯзишворӣ
нархи қимат
гарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102797/96/1027979675_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_1a8911e4e38ae25b1c50579b0d3c5b7b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар вилояти Суғд қимати гази моеъ боло рафт. Ҳамакнун дар маркази шимоли кишвар 1 литр сӯзишвориро 20-30 дирам гаронтар мефурӯшад. Ба ҳолати 1 ноябр дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази маъмурии вилояти Суғд 1 литр гази моеъ бо қимати 6,30-6,50 сомонӣ ба фурӯш меравад. Қобили зикр аст, ки арзиши сӯзишвории кабуд ду рӯз пеш 6,00-6,10 сомониро ташкил медод. Нархи бензин ба таври зерин тақсим карда мешавад: АИ-92 - 9,30 сомонӣ; АИ-95 - 10.00 сомонӣ. Сокинони ин минтақа метавонанд сӯзишвории дизелиро бо қимати 12,50 сомонӣ харидорӣ кунанд. Кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бар ин назаранд, ки афзоиши қимати гази моеъ ба ҳаҷми харидорӣ ва интиқоли маводи сӯхт ба кишвар рабт дорад. Масъалаи нарасидани гази моеъро яке аз мудирони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворию равғанҳои молиданӣ изҳор дошт. Ба гуфтаи яке аз мудирони нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ, аксари ширкатҳои яклухтфурӯшӣ ба далели кам будани арзиши зиёновар аз интиқоли гази моеъ ба ширкатҳои чакана даст кашиданд. Ёдовар мешавем, ки кишвар маводи сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Дар миёни ширкатҳое, ки дар ин самт фаъолият доранд, корхонаҳои "Фароз", "Газпром", "Сеганҷ", "Газойл", "Суғднефт", "Роҳи Сомон" ном доранд.
https://sputnik.tj/20221018/arzon-kamyoft-khariddori-gaz-moe-khujand-mushkil-1052225524.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102797/96/1027979675_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_8b2f5a5116138abbcca6a07081b379da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх сӯзишворӣ хуҷанд гарон
нарх сӯзишворӣ хуҷанд гарон
Нархи сӯзишворӣ дар шимоли Тоҷикистон боло рафт
Кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бар ин назаранд, ки афзоиши қимати гази моеъ ба ҳаҷми хариду интиқоли сӯзишворӣ ба кишвар рабт дорад
ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Дар вилояти Суғд қимати гази моеъ боло рафт.
Ҳамакнун дар маркази шимоли кишвар 1 литр сӯзишвориро 20-30 дирам гаронтар мефурӯшад.
Ба ҳолати 1 ноябр дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази маъмурии вилояти Суғд 1 литр гази моеъ бо қимати 6,30-6,50 сомонӣ ба фурӯш меравад.
Қобили зикр аст, ки арзиши сӯзишвории кабуд ду рӯз пеш 6,00-6,10 сомониро ташкил медод.
Нархи бензин ба таври зерин тақсим карда мешавад: АИ-92 - 9,30 сомонӣ; АИ-95 - 10.00 сомонӣ.
Сокинони ин минтақа метавонанд сӯзишвории дизелиро бо қимати 12,50 сомонӣ харидорӣ кунанд.
Кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бар ин назаранд, ки афзоиши қимати гази моеъ ба ҳаҷми харидорӣ ва интиқоли маводи сӯхт ба кишвар рабт дорад.
Масъалаи нарасидани гази моеъро яке аз мудирони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворию равғанҳои молиданӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи яке аз мудирони нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ, аксари ширкатҳои яклухтфурӯшӣ ба далели кам будани арзиши зиёновар аз интиқоли гази моеъ ба ширкатҳои чакана даст кашиданд.
Ёдовар мешавем, ки кишвар маводи сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Дар миёни ширкатҳое, ки дар ин самт фаъолият доранд, корхонаҳои "Фароз", "Газпром", "Сеганҷ", "Газойл", "Суғднефт", "Роҳи Сомон" ном доранд.