Дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевДни культуры Узбекистана в Таджикистане
Дни культуры Узбекистана в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Ҳунармандони тоҷик дар Туркманистон мусиқии мардумӣ ва фарҳанги рақсиро муаррифӣ мекунанд: кишварҳо дар бораи табодули эҷодии мутақобила ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тоҷикистон дар назар аст, ки рӯзҳои фарҳангияшро дар Туркманистон доир намояд.
Ин мавзуъро сафири кишвар дар Ишқобод Фаррух Шарифзода бо Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов баррасӣ кардааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистонро дар соҳаи фарҳангу санъат мавриди баррасӣ қарор додаанд.
"Аз ҷумла, онҳо роҷеъ ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ изҳори назар намуданд", - афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо ҳамзамон баргузории Рӯзҳои фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистонро низ бараасӣ кардаанд.
Зимнан санаи баргузории он ва ҳамчунин ҳайти ширкаткунандагон то кунун мушаххас нест.
Дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Бо рақсу мусиқии миллӣ: Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав чӣ гуна гузашт
Маврид ба зикр аст, ки ахиран моҳи июли соли 2017 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон ва моҳи октябри 2018 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ба шаҳомат дар шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскав доир гардид.
Он дар доираи барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳое, ки соли равон аллакай 30-сола шудаанд, баргузор гардида, кишвар фарҳангу ҳунар ва дастовардҳои хешро дар ин самт ба намоиш гузошт.
Лентаи хабарҳо
0