Тавофуқи Назаров бо шоҳзодаи Саудӣ дар бахши варзиш

© Дафтари матбуоти КМОТМулоқоти ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров бо президенти Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ, Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал
Мулоқоти ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров бо президенти Кумитаи олимпӣ ва паралимпии Арабистони Саудӣ, Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ифтитоҳи аввалин Бозиҳои Саудӣ иштирок карда, бо мақомдорони бахши варзиши ин кишвар мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши варзиш созиш кардаанд.
Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Арабистони Саудӣ, Дилшод Назаров бо президенти Кумитаи олимпӣ ва паралимпии ин кишвар Шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ Ал-Файсал мулоқот анҷом дод.
Ба иттилои КМОТ, зимни ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро миёни ду кишвар ва минтақа баррасӣ карданд.
"Хусусан, баргузор кардани ҷамъомадҳои тамринии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш дар Арабистони Саудӣ қабл аз бозиҳои маҷмуии варзишӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин дар доираи ин сафар Назаров дар варзишгоҳи "Шоҳ Фаҳд"-и Риёз дар маросими ифтитоҳи аввалин Бозиҳои Саудӣ иштирок намуд. Маврид ба зикр аст, ки аввалин Бозиҳои Саудӣ аз рӯи 45 намуд ва равияи варзишӣ то 7 ноябр идома хоҳанд дошт.
Флаги Таджикистана и олимпийского флага, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Қарни нав дар варзиш: Чориева ва Неъматов собиқ олимпиёнро бармегардонанд
Дар баробари ин Саудӣ мизбони мусобиқаҳои муҳими байналмилалӣ дар солҳои наздик хоҳад шуд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон зикр намудаст, ки Арабистони Саудӣ соли 2025 мизбони Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, соли 2029 мизбони Бозиҳои зимистонаи Осиё ва соли 2034 мизбони Бозиҳои Осиё мебошад.
Лентаи хабарҳо
0