https://sputnik.tj/20221031/saforat-tafsilot-guftshunid-dushanbe-toshkand-1052536324.html
Сафорат тафсилоти гуфтушуниди Душанбею Тошканд дар мавриди гузаргоҳҳои марзиро баён дошт
Сафорат тафсилоти гуфтушуниди Душанбею Тошканд дар мавриди гузаргоҳҳои марзиро баён дошт
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ӯзбекистон азм доранд, зарфияти гузаргоҳҳои марзиро тақвият бахшанду бархе аз онҳоро таҷҳизонда мақоми байналмилалӣ диҳанд
2022-10-31T13:00+0500
2022-10-31T13:00+0500
2022-10-31T13:13+0500
дар тоҷикистон
савдо
ӯзбекистон
иқтисод
гузаргоҳ
марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041886751_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_e63abae1e0701f39c1578927e9f738d2.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тоҷикистону Ӯзбекистон на дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави марзӣ, балки таҷҳизонидан ва мақоми байналмилалӣ додан ба бархе аз гузаргоҳҳои феълиро баррасӣ доранд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар додаст. Ба иттилои сафорат, маҳз ин мавзуъ ахиран дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Тошканд, Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон Илҳом Мухторов баррасӣ гардид. Зикр гардидаст, ки феълан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 17 гузаргоҳи сарҳадии автомобилгард ва роҳи оҳан амал мекунанд, ки аз ин 9 гузаргоҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Бо назардошти афзоиши омадурафти шаҳрвандони ду кишвару атбои хориҷӣ ва ҳамчунин боркашонӣ тавассути сарҳади давлатӣ ҷонибҳо масъалаи таҳкими иқтидори гузаргоҳҳои феълиро ба миён гузоштаанд. "Масъалаи аз лиҳози техникӣ таҷҳизонидани гузаргоҳҳои дигари сарҳадӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ надоранд, аз ҷумла гузаргоҳи амалкунандаи "Зафаробод" - "Хавасобод" ва ба дараҷаи байналмилалӣ баровардани онро муҳокима карданд", - омадааст дар иттилоия.Ҳамчунин Раҳмонзода ва Мухторов амалисозии тадбирҳои мушаххас дар самти афзудани иқтидори қабули автомашинаҳои боркашонӣ дар гузаргоҳи сарҳадии "Фотеҳобод" – "Бекобод" баррасӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти ду кишвар аз афзоиши додугирифти мол миёни ду кишвар тайи солҳои охир гузориш медиҳанд. Қаблан Раҳмонзода изҳор дошт, ки агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни ду кишвар 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар расид. Дар соли 2020 ба 333,8 млн доллар ва соли 2021 ба 447,8 млн доллар баробар гардидааст.Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд, изҳор дошта буд сафир.
https://sputnik.tj/20221029/robitaho-bayniparlumoni-tojikistonu-uzbekiston-rushd-1052515183.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041886751_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_219d6f5a0af6a426547c7c500a7af0ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот, музокирот, тошканд, душанбе
тафсилот, музокирот, тошканд, душанбе
Сафорат тафсилоти гуфтушуниди Душанбею Тошканд дар мавриди гузаргоҳҳои марзиро баён дошт
13:00 31.10.2022 (Навсозишуда: 13:13 31.10.2022) Тоҷикистону Ӯзбекистон азм доранд, зарфияти гузаргоҳҳои марзиро тақвият бахшанду бархе аз онҳоро таҷҳизонда мақоми байналмилалӣ диҳанд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Тоҷикистону Ӯзбекистон на дар бораи ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави марзӣ, балки таҷҳизонидан ва мақоми байналмилалӣ додан ба бархе аз гузаргоҳҳои феълиро баррасӣ доранд.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар додаст.
Ба иттилои сафорат, маҳз ин мавзуъ ахиран дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Тошканд, Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини якуми раиси Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон Илҳом Мухторов баррасӣ гардид.
Зикр гардидаст, ки феълан миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 17 гузаргоҳи сарҳадии автомобилгард ва роҳи оҳан амал мекунанд, ки аз ин 9 гузаргоҳ дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад.
Бо назардошти афзоиши омадурафти шаҳрвандони ду кишвару атбои хориҷӣ ва ҳамчунин боркашонӣ тавассути сарҳади давлатӣ ҷонибҳо масъалаи таҳкими иқтидори гузаргоҳҳои феълиро ба миён гузоштаанд.
"Масъалаи аз лиҳози техникӣ таҷҳизонидани гузаргоҳҳои дигари сарҳадӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ надоранд, аз ҷумла гузаргоҳи амалкунандаи "Зафаробод" - "Хавасобод" ва ба дараҷаи байналмилалӣ баровардани онро муҳокима карданд", - омадааст дар иттилоия.
Ҳамчунин Раҳмонзода ва Мухторов амалисозии тадбирҳои мушаххас дар самти афзудани иқтидори қабули автомашинаҳои боркашонӣ дар гузаргоҳи сарҳадии "Фотеҳобод" – "Бекобод" баррасӣ кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти ду кишвар аз афзоиши додугирифти мол миёни ду кишвар тайи солҳои охир гузориш медиҳанд.
Қаблан Раҳмонзода изҳор дошт, ки агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни ду кишвар 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар расид. Дар соли 2020 ба 333,8 млн доллар ва соли 2021 ба 447,8 млн доллар баробар гардидааст.
Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд, изҳор дошта буд сафир.