Андуҳи Эмомалӣ Раҳмон аз фурӯравии пурқурбонии пул дар Ҳиндустон: видеои лаҳзаи фоҷиа

© Sputnik / Евгений Безека / Гузариш ба медиабонкМестные жители в Индии наблюдают, как спасатели проводят операцию по спасению людей
Местные жители в Индии наблюдают, как спасатели проводят операцию по спасению людей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба наздикону пайвандони фавтидагон бар асари сарозер шудани пул дар Ҳиндустон ҳамдардӣ баён карда, ба осебдидагон шифо хост
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба президенти Ҳиндунстон Драупади Мурму барқияи таслият ирсол намудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паём ба хонум Драупади Мурму изҳор доштааст, ки фоҷеаи ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандон бар асари фурӯравии пул дар иёлоти Гудҷарат боиси андуҳаш шудааст.
"Дар ин робита ҳамдардиву таъзияи самимии хешро ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам", - омадааст дар паём.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои ҳиндӣ лаҳзаи тахриби пулро ҳангоме, ки теъдоди зиёди одамон дар болои он қарор доштанд, нашр намуданд.
Бар асоси маълумоти охир, дар пайи сарозер шудани пул шоми 30 октябр беш аз 140 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 170 нафари дигар наҷот дода шудаанд.
Пули беш аз 140 сол пеш сохта шуда, дар садди Мачху дар наздикии шаҳри Морбӣ тайи ду соли ахир барои бозсозӣ баста буд. Таъкид шудаст, ки таҷдиди пул ахиран анҷом ёфта, 26 октябр боз шуд.
Ба гуфтаи мақомот, ҳангоми фурӯ рехтани пул беш аз 500 нафар, аз ҷумла кӯдакон, дар болои он қарор доштаанд, ки пас аз суқат ҳудуди 350 нафар ба об сарозер шудаанд. Ба ҷои ҳодиса фавран гуруҳҳои наҷотдиҳӣ равона шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0