https://sputnik.tj/20221030/tabib-parron-tojikiston-jashnvora-teatr-1052519792.html
"Табиби паррон" Тоҷикистонро дар ҷашнвораи театрҳо намояндагӣ мекунад
"Табиби паррон" Тоҷикистонро дар ҷашнвораи театрҳо намояндагӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Фестивали 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна аз 1 то 7 ноябр дар шаҳри Алмаато дар назар буда, ҳунармандон аз Хуҷанд дар он ширкат мекунанд
2022-10-30T14:40+0500
2022-10-30T14:40+0500
2022-10-30T15:41+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
осиёи марказӣ
театр
хуҷанд
ҷашнвора
ҷоиза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/94/1022639431_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_edc5b5910b615a0d9489f72ce9c8a64f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд мазҳакаи "Табиби паррон"-ро дар Фестивали 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна дар Алмаато пешниҳод мекунанд. Ба иттилои мақомоти бахши фарҳанги вилояти Суғд, намоиши ин мазҳака дар доираи ҷашнвора рӯзи 5 ноябр дар назар аст. Тавзеҳ дода шудаст, ки мазҳакаи мазкур аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо коргардонии Суҳроб Шехов ба саҳна гузошта шудааст.Дар ҷашнвора, ки аз 1 то 7 ноябр дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад, ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин сафари хориҷии ҳунармандони тоҷик бо мазҳакаи "Табиби паррон" дар соли равон нест. Баҳори соли равон ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии "Киштии Смоленск" аз миёни 22 театри дунё соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ гардид.Ҷоизаҳо ба театри Хуҷанд "Барои талфиқи возеҳи анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ" ва "Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқӣ" супурда шуданд. Ҷоизаи мусиқии беҳтарин барои иҷрои сози доира дар иҷрои ҳунарманди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд Қаҳрамон Бобоев тақдим шуда буд.
https://sputnik.tj/20221026/ruzho-farhang-tojikiston-maskav-1052441362.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/94/1022639431_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_79ff1486cb890d0c78c255dab071a9fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷашнвора, иштирок, театр
тоҷикистон, ҷашнвора, иштирок, театр
"Табиби паррон" Тоҷикистонро дар ҷашнвораи театрҳо намояндагӣ мекунад
14:40 30.10.2022 (Навсозишуда: 15:41 30.10.2022) Фестивали 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна аз 1 то 7 ноябр дар шаҳри Алмаато дар назар буда, ҳунармандон аз Хуҷанд дар он ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд мазҳакаи "Табиби паррон"-ро дар Фестивали 8-уми байналмилалии театрҳои касбии Осиёи Миёна дар Алмаато пешниҳод мекунанд.
Ба иттилои мақомоти бахши фарҳанги вилояти Суғд, намоиши ин мазҳака дар доираи ҷашнвора рӯзи 5 ноябр дар назар аст.
Тавзеҳ дода шудаст, ки мазҳакаи мазкур аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо коргардонии Суҳроб Шехов ба саҳна гузошта шудааст.
Дар ҷашнвора, ки аз 1 то 7 ноябр дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад, ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин сафари хориҷии ҳунармандони тоҷик бо мазҳакаи "Табиби паррон" дар соли равон нест.
Баҳори соли равон ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии "Киштии Смоленск" аз миёни 22 театри дунё соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ гардид.
Ҷоизаҳо ба театри Хуҷанд "Барои талфиқи возеҳи анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ" ва "Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқӣ" супурда шуданд. Ҷоизаи мусиқии беҳтарин барои иҷрои сози доира дар иҷрои ҳунарманди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд Қаҳрамон Бобоев тақдим шуда буд.