https://sputnik.tj/20221030/halokshudaho-izdihom-seul-rusiyagi-1052517594.html
Теъдоди ҳалокшудаҳо дар издиҳоми Сеул аз 150 нафар гузашт: миёнашон русиягиҳо низ ҳастанд
Теъдоди ҳалокшудаҳо дар издиҳоми Сеул аз 150 нафар гузашт: миёнашон русиягиҳо низ ҳастанд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси омори ахир шумораи ҳалокшудаҳо дар издиҳом дар як тангкӯчаи пойтахти Кореяи ҷанубӣ 151 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар осеб дидаанд
2022-10-30T10:30+0500
2022-10-30T10:30+0500
2022-10-30T11:54+0500
дар ҷаҳон
ҳодиса
ҳалокат
издиҳом
кореяи ҷанубӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1e/1052517253_1:0:600:337_1920x0_80_0_0_05662d1bada5d5c49231bd3c0faeaac8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Миёни ҳалокшудаҳо дар Сеул, ки зери анбуҳи зиёди одамон мондаанд, 19 нафар хориҷиянд. Ба иттилои РИА "Новости" дар миёни ҳалокшудаҳо аз ҷумла 3 нафарашон бонувони русиягӣ мебошанд. Дар маҷмуъ бар асоси маълумоти охир, дар издиҳоми одамон дар тангкӯчаи Сеул, ки барои таҷлили Ҳеловин ҷамъ омада буданд, камаш 151 нафар ба ҳалокат расида, 82 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аризаҳо дар бораи бедарак шудани 270 нафарро қабул кардаанд. Таъкид шудааст, ки зер кардани одамон дар издиҳом тақрибан соати 22:22-и вақти маҳаллӣ ва 16:22 бо вақти Маскав оғоз шуда, бо фоҷиа анҷомид. Дар ноҳияе, ки ин ҳодиса рух додааст, бо шабнишиниҳояш бахшида ба Ҳеловин маъруф аст. Манобеи кореягӣ тавзеҳ медиҳанд, ки сарфи назар аз шиддати вазъ дар издиҳом мардум омаданро ба макони ҳодиса давом медоданд, чун дар аввал намедонистанд ё ҳушдорро сарфи назар мекарданд. Раисҷумҳури Корея, Юн Сок Ёл аз ҷои ҳодиса боздид карда, дар кишвар мотами миллӣ эълон намуд. Вай ваъда дод, ки сабаби ин фоҷиаро таҳқиқ хоҳанд карду барои такрор нашудан дар оянда чораандешӣ мекунанд.
кореяи ҷанубӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1e/1052517253_76:0:525:337_1920x0_80_0_0_08cd6e43098c90b5fe1648013b4a8f0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, теъдод, ҳалокшудаҳо, издиҳом, сеул
афзоиш, теъдод, ҳалокшудаҳо, издиҳом, сеул
Теъдоди ҳалокшудаҳо дар издиҳоми Сеул аз 150 нафар гузашт: миёнашон русиягиҳо низ ҳастанд
10:30 30.10.2022 (Навсозишуда: 11:54 30.10.2022) Бар асоси омори ахир шумораи ҳалокшудаҳо дар издиҳом дар як тангкӯчаи пойтахти Кореяи ҷанубӣ камаш 151 нафар буда, беш аз 80 нафари дигар осеб дидаанд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Миёни ҳалокшудаҳо дар Сеул, ки зери анбуҳи зиёди одамон мондаанд, 19 нафар хориҷиянд.
Ба иттилои РИА "Новости" дар миёни ҳалокшудаҳо аз ҷумла 3 нафарашон бонувони русиягӣ мебошанд.
Дар маҷмуъ бар асоси маълумоти охир, дар издиҳоми одамон дар тангкӯчаи Сеул, ки барои таҷлили Ҳеловин ҷамъ омада буданд, камаш 151 нафар ба ҳалокат расида, 82 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Ҳамчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аризаҳо дар бораи бедарак шудани 270 нафарро қабул кардаанд.
Таъкид шудааст, ки зер кардани одамон дар издиҳом тақрибан соати 22:22-и вақти маҳаллӣ ва 16:22 бо вақти Маскав оғоз шуда, бо фоҷиа анҷомид. Дар ноҳияе, ки ин ҳодиса рух додааст, бо шабнишиниҳояш бахшида ба Ҳеловин маъруф аст.
Манобеи кореягӣ тавзеҳ медиҳанд, ки сарфи назар аз шиддати вазъ дар издиҳом мардум омаданро ба макони ҳодиса давом медоданд, чун дар аввал намедонистанд ё ҳушдорро сарфи назар мекарданд.
Раисҷумҳури Корея, Юн Сок Ёл аз ҷои ҳодиса боздид карда, дар кишвар мотами миллӣ эълон намуд. Вай ваъда дод, ки сабаби ин фоҷиаро таҳқиқ хоҳанд карду барои такрор нашудан дар оянда чораандешӣ мекунанд.