Эътирози даҳҳо донишҷӯдухтар дар Бадахшон алайҳи толибҳо

© AFP 2023Афганские женщины с плакатами скандируют лозунги во время акции протеста проив геноцида хазарейцев на следующий день после теракта смертника в учебном центре Дашт-э-Барчи в Кабуле
Афганские женщины с плакатами скандируют лозунги во время акции протеста проив геноцида хазарейцев на следующий день после теракта смертника в учебном центре Дашт-э-Барчи в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2022
Обуна шудан
Донишҷӯдухтарон дар музофоти Бадахшон аз ҳукумати толибҳо талаб доранд, ки ҳаққи занон ба таҳсил риоя ва аз ҳуқуқҳояшон ҳимоя карда шавад
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Даҳҳо духтари донишҷӯй субҳи 30 октябр пеши Донишгоҳи музофоти Бадахшон даст ба эътироз задаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" хабар дода, аз қавли иштирокдори ҳамоиш изҳор доштаст, ки донишҷӯйдухтарон бо нишони эътироз алайҳи роҳ надодани бархе аз ҳамдарсонашон ба донишгоҳ даст ба гирдиҳамоӣ задаанд.
Таъкид шудааст, ки толибҳо бархе аз муҳассилини донишгоҳро бо баҳонаи бадҳиҷобӣ ба таҳсил роҳ надоданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан низ муҳассилини ин донишгоҳ дар пайи хориҷ кардани бархе аз донишҷӯйдухтарон даст ба эътироз заданд.
Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2022
Дар ду ҷабҳа - Тоҷикистонро ҳам аз шимол ва ҳам аз ҷануб таҳдид мекунанд
Ҳамоишҳои эътирозии занон алайҳи ҳукумати толибҳо таҳти шиорҳои "Амният, адолат, таҳсил, озодӣ ва қатъи наслкушӣ" бисёре аз шаҳрҳои Афғонистонро фаро гирифта, мунтазам сурат мегиранд.
Ин дар ҳолест, ки Афғонистон аз нигоҳи баробарии гендерӣ ақибмондатарин кишвари ҷаҳон арзёбӣ мешавад. Таъкид шудаст, ки бо расидани толибҳо ба сари қудрат аз нимаи моҳи августи соли гузашта вазъи занон дар кишвар бадтар гардидааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадид дар Афғонистон талаб дорад, ки ҳуқуқҳои занонро таъмин намоянду дастрасияшонро ба таҳсилу кор фароҳам созанд.
Лентаи хабарҳо
0