https://sputnik.tj/20221029/sughd-tonna-pakhta-jamovari-1052508083.html
Дар Суғд беш аз 100 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
Дар Суғд беш аз 100 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд ноҳияеро ном бурданд, ки яке аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта хабар доданд 29.10.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-10-29T13:19+0500
2022-10-29T13:19+0500
2022-10-29T13:19+0500
дар тоҷикистон
суғд
пахта
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045927120_0:134:3073:1862_1920x0_80_0_0_96b6dd00569dc151b8a7e2cabc539380.jpg
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии пахта идома дорад. Бино ба маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, ҳар рӯз ба хирмани пахтаи мамлакат зиёда аз ҳазор тонна ашёи пурқимати саноатии пахтакорони вилоят илова мегардад.Манбаъ меафзояд, аз аввали мавсим 105 565 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст, ки 79,8 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.Гуфта мешавад, дар миқёси вилоят нахустин шуда пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз иҷрои дурнамои ҳосили пахта хабар доданд. Онҳо соли равон дар майдони 8 028 гектар пунбадона кишта, ният доштанд, 18 500 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 23 сентнериро ташкил дод.Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода натоиҷи хуби пахтакорони ноҳияро ба риояи талаботу меъёрҳои агротехнологияи парвариши пахта аз интихоби тухмӣ то ғизодиҳиву коркарди байни қатор ва сари вақт обёрӣ намудан рабт дод.Бино ба гуфти роҳбарияти Раёсати кишоварзии ноҳия, дар оростани хирмани 18 500 тонна пахта саҳми бештару назаррасро бо иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта, пахтакорони кооперативҳои кишоварзӣ-истеҳсолии ба номи Ҷ. Расулов, Т. Қӯшатов ва Кооперативи илмӣ-истеҳсолию кишоварзии ба номи Р. Набиев гузоштаанд.
https://sputnik.tj/20220918/besh-ton-pakhta-jam-1051492895.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/10/1045927120_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4c12ad6a88f0e0d99fbdf6852da4e93a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд пахта
Дар Суғд беш аз 100 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд
Дар вилояти Суғд ноҳияеро ном бурданд, ки яке аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта хабар доданд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии пахта идома дорад. Бино ба маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят, ҳар рӯз ба хирмани пахтаи мамлакат зиёда аз ҳазор тонна ашёи пурқимати саноатии пахтакорони вилоят илова мегардад.
Манбаъ меафзояд, аз аввали мавсим 105 565 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шудааст, ки 79,8 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, дар миқёси вилоят нахустин шуда пахтакорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз иҷрои дурнамои ҳосили пахта хабар доданд. Онҳо соли равон дар майдони 8 028 гектар пунбадона кишта, ният доштанд, 18 500 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 23 сентнериро ташкил дод.
Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода натоиҷи хуби пахтакорони ноҳияро ба риояи талаботу меъёрҳои агротехнологияи парвариши пахта аз интихоби тухмӣ то ғизодиҳиву коркарди байни қатор ва сари вақт обёрӣ намудан рабт дод.
Бино ба гуфти роҳбарияти Раёсати кишоварзии ноҳия, дар оростани хирмани 18 500 тонна пахта саҳми бештару назаррасро бо иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта, пахтакорони кооперативҳои кишоварзӣ-истеҳсолии ба номи Ҷ. Расулов, Т. Қӯшатов ва Кооперативи илмӣ-истеҳсолию кишоварзии ба номи Р. Набиев гузоштаанд.