"Истиқлол" барандаи нуҳкаратаи Ҷоми Тоҷикистон шуд

© Федерация футбола ТаджикистанаФК "Истиклол"
ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2022
Обуна шудан
Бозии дастаҳои "Истиқлол" ва "Куктош" ҳарчандмусофӣ анҷом ёфт, вале аз рӯи силсила зарбаҳои 11 метра дастаи якумӣ ғолибият ба даст овард
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар бозии даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2022 дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳам омаданд.
Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар дар ҳузури 6 500 нафар тамошобин доир шуда, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 хотима ёфт ва ғолибро аз рӯи силсила зарбаҳои 11 метра мушаххас карданд.
Футбольное международное мероприятие, посвящённое 43-летию со дня гибели членов футбольной команды Пахтакор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2022
Иштирокдорони финали Ҷоми Тоҷикистон дар риштаи футбол маълум шуданд
Дастаи “Истиқлол” дар иҷрои зарбаҳои 11 метра муваффақ буд ва тавонист, ки бо ҳисоби 5 бар 4 муқобили “Куктош” ғолибият ба даст биёрад.
Ҳамин тавр, “Истиқлол” маротибаи 9-ум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид.
Голҳоро дар вохӯрӣ Муҳаммад Гулаев, Сулаймон Собиров (худгол), Худойдод Узоқов ва Манучеҳр Ҷалилов ба самар расониданд.
Ёдовар мешавем, ки маротибаи аввал дастаҳои “Истиқлол” ва “Куктош” дар финали Ҷоми Тоҷикистон майдондорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0