Путин гуфт, дар кишварҳои ИДМ ҳамалоти террористӣ коҳиш ёфтааст

© Sputnik / Алексей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим дар бораи динамикаи мусбат ҳарф зад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Президент Владимир Путин гуфт, дар қаламрави ИДМ дар вақтҳои охир тамоюли мусбат дар мубориза бо терроризм мушоҳида мешавад.
Ба гуфтаи вай, шумори ҳамалоти террористӣ дар қаламрави ин кишварҳо коҳиш меёбад ва аз ин рӯ, ӯ хостори идомаи кори муштараки Русия ва кишварҳои ИДМ дар мубориза бо терроризм шудааст.

"Бояд дар заминаи мубориза бо терроризм минбаъд ҳам ҳар чӣ бештар ҳамкорӣ ба роҳ монд. Аз ҷумла, идомаи табодули иттилоот дар бораи афроде, ки дар амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ даст доранд ва ё гумонбар мешаванд", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, муҳим аст, ки тамоми талошҳо барои ошкор ва бастани каналҳои вуруди террористон таҳти ниқоби ҷараёни муҳоҷират тамаркуз карда шаванд.
Путин аз афзоиши хатари террористҳо ва таҷаммӯяшон дар Афғонистон гуфт
Путин афзуд, ки паҳншавии зархаридони хориҷие, ки таҷрибаи ҷангӣ доранд, хатари махсусан ҷиддӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0