https://sputnik.tj/20221026/putin-ehtimoli-rohyobii-terrorist-muhojirat-hushdor-1052442644.html
Путин аз афзоиши хатари террористҳо ва таҷаммӯяшон дар Афғонистон гуфт
Путин аз афзоиши хатари террористҳо ва таҷаммӯяшон дар Афғонистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия аз таҷаммӯи аъзои созмонҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва талоши роҳёбияшон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳушдор дод
2022-10-26T18:25+0500
2022-10-26T18:25+0500
2022-10-31T14:30+0500
владимир путин
дар русия
амният ва мудофиа
афғонистон
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042135723_0:0:3105:1748_1920x0_80_0_0_f4c2edb7e44062aafc75bb827a304d08.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Хатари созмонҳои террористӣ, аз қабили "Ал-Қоида"*, "ДОИШ"* ва ғайра барои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил коҳиш наёфтааст. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти вижаи ИДМ баён дошт.Ӯ аз талоши онҳо барои роҳёбӣ ба кишварҳои ИДМ ва ташкили гуруҳҳои махфӣ ҳушдор дод. Таҷаммӯи ҷангиён дар Афғонистон, махсусан дар наздикии марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарро зиёд кардааст, илова намуд вай. Бо зикри он ки сатҳи ҷиноёти марбути терроризму экстремизм дар ҷаҳон коҳиш ёфтааст, Путин гуфт, иқдоми мувофиқаю ҳамоҳангшуда дар ин самт бояд таҳким бахшида шаванд. Аз ҷумла муҳим хонд, ки зери ниқоби муҳоҷират террористҳо дар қаламрави кишварҳои ИДМ роҳ наёбанд. Раисҷумҳури Русия ҳамчунин қочоқи силоҳу маводи мухаддир, аз ҷумла эҳтимоли интиқоли силоҳи сабуку вазнин аз Украина ба ИДМ гуфта, зарурати таҳими ҳифзи марзро таъкид намуд. Вай хост, маконҳои таҷаммӯи шаҳрвандони зиёд бояд махсусан хуб муҳофизат шаванд. Ин дар ҳолест, ки қаблан дабири кулли СААД, Станислав Засс гуфт, террористон дар замони муосир на танҳо ҷангиён бо силоҳ, балки донандаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ низ ҳастанд, ки зарфиятҳои онро бо аҳдофи террористӣ истифода мебаранд.Вай таъкид намуд, ки терроризм дар замони муосир хусусияти фаромиллӣ дошта, ҷилавгирӣ аз ҳаракати онҳо тавассути сарҳадот беш аз пеш мубрам мебошад.*-Созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.
https://sputnik.tj/20221026/putin-yatimov-toshiev-amniyati-1052442444.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042135723_382:0:2990:1956_1920x0_80_0_0_5aca67d9e3bab753df000bcbe9a155d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, путин, терроризм, муҳоиҷрат
ҳушдор, путин, терроризм, муҳоиҷрат
Путин аз афзоиши хатари террористҳо ва таҷаммӯяшон дар Афғонистон гуфт
18:25 26.10.2022 (Навсозишуда: 14:30 31.10.2022) Раисҷумҳури Русия аз таҷаммӯи аъзои созмонҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва талоши роҳёбияшон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Хатари созмонҳои террористӣ, аз қабили "Ал-Қоида"*, "ДОИШ"* ва ғайра барои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил коҳиш наёфтааст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти вижаи ИДМ баён дошт.
Ӯ аз талоши онҳо барои роҳёбӣ ба кишварҳои ИДМ ва ташкили гуруҳҳои махфӣ ҳушдор дод.
Таҷаммӯи ҷангиён дар Афғонистон, махсусан дар наздикии марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ хатарро зиёд кардааст, илова намуд вай.
Бо зикри он ки сатҳи ҷиноёти марбути терроризму экстремизм дар ҷаҳон коҳиш ёфтааст, Путин гуфт, иқдоми мувофиқаю ҳамоҳангшуда дар ин самт бояд таҳким бахшида шаванд.
Аз ҷумла муҳим хонд, ки зери ниқоби муҳоҷират террористҳо дар қаламрави кишварҳои ИДМ роҳ наёбанд.
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин қочоқи силоҳу маводи мухаддир, аз ҷумла эҳтимоли интиқоли силоҳи сабуку вазнин аз Украина ба ИДМ гуфта, зарурати таҳими ҳифзи марзро таъкид намуд. Вай хост, маконҳои таҷаммӯи шаҳрвандони зиёд бояд махсусан хуб муҳофизат шаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дабири кулли СААД, Станислав Засс гуфт, террористон дар замони муосир на танҳо ҷангиён бо силоҳ, балки донандаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ низ ҳастанд, ки зарфиятҳои онро бо аҳдофи террористӣ истифода мебаранд.
Вай таъкид намуд, ки терроризм дар замони муосир хусусияти фаромиллӣ дошта, ҷилавгирӣ аз ҳаракати онҳо тавассути сарҳадот беш аз пеш мубрам мебошад.
*-Созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст.