https://sputnik.tj/20221025/rahmon-stipendiyai-prezidenti-tojikiston-1052404405.html
Фармони президенти Тоҷикистон барои афзоиши стипендия
Фармони президенти Тоҷикистон барои афзоиши стипендия
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон маблағи стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба андозаи 20% зиёд кард
2022-10-25T10:30+0500
2022-10-25T10:30+0500
2022-10-25T10:36+0500
дар тоҷикистон
ҷавонон
маориф
стипендия
зиёд шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0e/1052137593_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_51d0411d82754d09b2db0f882490ed81.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон афзоиши стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбии миёнаро таъйид кард. Бар асоси фармони президент, ки моҳи равон имзо гардид, ҳаҷми стипендияи президентӣ ба андозаи 600 сомонӣ муқаррар шудааст. Теъдоди умумии гирандагони стипендияи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ аз моҳи сентябри соли 2021 ба ин сӯ 3 ҳазор нафарро ташкил дода, то ҳол маблағи он муодили 500 сомонӣ буд. Таъкид шудаст, стипендияи президентӣ ба муҳассилине дода мешавад, ки бо баҳои аъло мехонанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол мебошанд. Гирандагони ин стипендияро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон аз тариқи озмун муайян мекунад. Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф шудаст, ки барои пардохти стипендия аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағи заруриро ҷудо намояд. Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон аз таваҷҷуҳ ба насли ҷавону таълими онҳо суҳбат карда, афзуд, ки ҳанӯз соли 1998 стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ таъсис дода шуд. Вай зикр намуд, ки кишвар он солҳо дар ҳолати ниҳоят вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ва буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ қарор дошт, аммо бо вуҷуд ҳукумат дастгирии наврасону ҷавононро амалӣ мекард.
https://sputnik.tj/20220630/avzoishi-20-darsadii-maoshu-stipendiya-tojikiston-1049636870.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0e/1052137593_231:0:2048:1363_1920x0_80_0_0_72506cd21e7d61bae480709d1224301c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фармон, президент, афзоиш, стипендия
фармон, президент, афзоиш, стипендия
Фармони президенти Тоҷикистон барои афзоиши стипендия
10:30 25.10.2022 (Навсозишуда: 10:36 25.10.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон маблағи стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба андозаи 20% зиёд кард
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон афзоиши стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбии миёнаро таъйид кард.
Бар асоси фармони президент, ки моҳи равон имзо гардид, ҳаҷми стипендияи президентӣ ба андозаи 600 сомонӣ муқаррар шудааст.
Теъдоди умумии гирандагони стипендияи президентӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ аз моҳи сентябри соли 2021 ба ин сӯ 3 ҳазор нафарро ташкил дода, то ҳол маблағи он муодили 500 сомонӣ буд.
Таъкид шудаст, стипендияи президентӣ ба муҳассилине дода мешавад, ки бо баҳои аъло мехонанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол мебошанд. Гирандагони ин стипендияро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон аз тариқи озмун муайян мекунад.
Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф шудаст, ки барои пардохти стипендия аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маблағи заруриро ҷудо намояд.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон аз таваҷҷуҳ ба насли ҷавону таълими онҳо суҳбат карда, афзуд, ки ҳанӯз соли 1998 стипендияи президентӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ таъсис дода шуд.
Вай зикр намуд, ки кишвар он солҳо дар ҳолати ниҳоят вазнини сиёсиву иҷтимоӣ ва буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ қарор дошт, аммо бо вуҷуд ҳукумат дастгирии наврасону ҷавононро амалӣ мекард.