Нурализода вазифаи нав гирифт: Ба Данғара меравад

© Sputnik / Вероника Антонова-ТризноПодписание договора, архивное фото
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар қароргоҳҳои таҳти идораи Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ дар навоҳии кишвар тағйироти кадриро амалӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Нурализода Нуриддин Файзиддин аз вазифаи муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон барканор шуд.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси ҳукумат низ ҳаст, моҳи равон имзо намуд.
Дар ин санад далели барканории Нурализода, гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ӯ дар мақоми мудири муассисаи давлатии қароргоҳи "Искандаркӯл"-и Дастгоҳи иҷроия аз моҳи июли соли 2020 фаъолият дошт. Дар мавриди роҳбари нави қароргоҳи ҳукуматӣ дар "Искандаркӯл", ки дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, ҳанӯз иттилое ироа нашудааст.
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2022
Тасдиқи тағйироти кадрӣ: Рустами Эмомалӣ аз кадрҳои навтаъйин хост, софдилона кор кунанд
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи барканории Нурализода, ӯро ба вазифаи нав дар ноҳияи Данғара таъйин намудааст.
Бо қарори ҳукумат, ӯ мудири муассисаи давлатии қароргоҳи "Сайёд"-и Дастгоҳи иҷроияи президент дар ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара таъйин шудаст.
Қароргоҳи "Сайёд" дар Данғара соли 2008 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар тобеияти Дастгоҳи иҷроияи президент мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки қароргоҳҳои давлатӣ дар шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон фаъолият доранд, ки бархеяшон дар давоми солҳои охир ташкил гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0